Туркия ба тоҷикистониён барои таҳсил дар риштаи сайёҳӣ бурсия ҷудо кард

Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи сайёҳӣ
Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи сайёҳӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2023
Обуна шудан
Мақомоти Туркия эълон кардааст, ки омода аст дониши касбии мутахассисони тоҷик дар бахши сайёҳиро боз ҳам баландтар бардорад
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар дар гуфтугӯ бо масъулини Кумитаи рушди сайёҳии кишвар масоили тавсеаи ҳамкорӣ дар самти гардишгариро мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор дод.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо соҳаи сайёҳиро ҳамчун самти афзалиятноки рушди иқтисоди миллӣ арзёбӣ каранд ва баргузории ҷаласаҳои гурӯҳи кории муштаракро барои рушди ҳамкорӣ муҳим арзёбӣ намуданд.
Зикр гардидааст, ки дар мулоқот ҳамчунин масоили мусоидат дар ҷалби сармояи Туркия ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ, истифодаи самараноки беҳтарин таҷрибаҳои Туркия дар бораи пешбурди соҳаи сайёҳии кишвар дар самти хизматрасонӣ ва ташкил намудани курсҳои омӯзишӣ дар соҳаи сайёҳӣ барои кормандони соҳаи сайёҳии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Вохӯрӣ бо Сафири навтаъйини Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2023
Баррасии мубориза бо терроризм миёни Тоҷикистон ва Туркия
Таъкид шудааст, ки ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои ҳарчи зудтар ба имзо расонидани санади ҳамкорӣ изҳор намуда, қайд карданд, ки он барои ба роҳ мондани ҳамкории зич дар самти сайёҳӣ мусоидат хоҳад кард.
Сафири Туркия эълон кард, ки имсол барои шаҳрвандони Тоҷикистон барои дохил шудан ба магистратура ва докторонтура дар риштаи сайёҳи бурсия ҷудо карда шудааст.
Инчунин, дар ин дидор қайд карда шуд, ки мутахассисони баландихтисос ва таҷрибадори Туркия бо мақсади омўзонидани кормандони субъектҳои хоҷагидори соҳаи сайёҳии кишвар, аз ҷумла барои тарабхонаҳо, меҳмонхонаҳо ва осоишгоҳҳо ҷалб карда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0