https://sputnik.tj/20230221/barrasi-muboriza-terrorizm-tojikiston-turkiya-1055092211.html
Баррасии мубориза бо терроризм миёни Тоҷикистон ва Туркия
Баррасии мубориза бо терроризм миёни Тоҷикистон ва Туркия
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Душанбе масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар умури мубориза бар зидди терроризм, экстремизм миёни мақомоти Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд
2023-02-21T16:35+0500
2023-02-21T16:35+0500
2023-02-21T16:35+0500
дар тоҷикистон
туркия
душанбе
мулоқот
ҳамкорӣ
мубориза
терроризм
экстремизм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055092028_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_24ee84397a5813b7e009bae3f6da02b2.jpg
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Вазорати умури дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, амнияти иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот ба Сафири Туркия дар Тоҷикистон ба мардуми Туркия дар иртибот ба пайомадҳои фоҷиаи фалокатбори заминларза, ки 6 феврал дар ин давлат рух дод, изҳори ҳамдардиву таслияти амиқ карда шуд.Ёдовар мешавем, ки Туркия аз аввалин кишварҳое буд, ки 29 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф ва муносибатҳои дипломатиро бо ҷумҳурӣ барқарор намуд. Соли 1992 дар Душанбе Сафорати Туркия ба фаъолият оғоз кард ва соли 1995 дар Анқара Сафорати Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд.Чанде пеш мақомоти кишвар эълон карда буд, ки Тоҷикистон тасмим дорад гардиши савдоро бо Туркия то 1 млрд доллар расонад.Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон эълон карда буд, ки барои ҷалби сармояи Туркия ба кишвар мусоидат хоҳанд кард.Ҷониби Туркия омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои зикршуда баён карда буд.
https://sputnik.tj/20230220/erdughon-muloqot-najotdihandagoni-tojik-bahoi-baland-1055073697.html
душанбе
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/15/1055092028_89:0:1000:683_1920x0_80_0_0_9748875bf64bcc999b1b1de1cccc2d78.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, туркия, ҳамкорӣ, мубориза, терроризм, экстремизм, душанбе
тоҷикистон, туркия, ҳамкорӣ, мубориза, терроризм, экстремизм, душанбе
Баррасии мубориза бо терроризм миёни Тоҷикистон ва Туркия
Дар шаҳри Душанбе масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкорӣ дар умури мубориза бар зидди терроризм, экстремизм миёни мақомоти Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 21 фев — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе Вазорати умури дохилии кишвар Рамазон Раҳимзода бо Сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, амнияти иттилоотӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, зимни мулоқот ба Сафири Туркия дар Тоҷикистон ба мардуми Туркия дар иртибот ба пайомадҳои фоҷиаи фалокатбори заминларза, ки 6 феврал дар ин давлат рух дод, изҳори ҳамдардиву таслияти амиқ карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки Туркия аз аввалин кишварҳое буд, ки 29 январи соли 1992 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф ва муносибатҳои дипломатиро бо ҷумҳурӣ барқарор намуд. Соли 1992 дар Душанбе Сафорати Туркия ба фаъолият оғоз кард ва соли 1995 дар Анқара Сафорати Тоҷикистон ба кор шурӯъ намуд.
Чанде пеш мақомоти кишвар эълон карда буд, ки Тоҷикистон тасмим дорад гардиши савдоро бо Туркия то 1 млрд доллар расонад.
Ҳамчунин мақомоти Тоҷикистон эълон карда буд, ки барои ҷалби сармояи Туркия ба кишвар мусоидат хоҳанд кард.
Ҷониби Туркия омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкории мутақобилан судманд ва амалӣ гардидани ташаббусҳои зикршуда баён карда буд.