Таъйини интихобот дар Хатлон

© Sputnik / Sputnik, Амир ИсаевПарламентские выборы в Таджикистане
Парламентские выборы в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2023
Обуна шудан
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қарор кардааст, ки тобистони соли равон интихобот узви нави палатаи болоии парлумон баргузор шавад
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Интихоботи узви нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон ба ҷои узви ихроҷшуда 21 июни соли равон баргузор мегардад.
Дар ин бора Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон қарор кардааст.
Бар асоси қарор, интихобот дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон № 3 сурат мегирад.
Маврид ба зикр аст, ки яке аз аъзои Маҷлиси миллӣ аз ҳавзаи мазкур Қурбон Ҳакимзода, собиқ раиси вилояти Хатлон буд, ки ахиран барканор шуд.
Давлатали Саид, глава Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2023
Нахустин тағйироти кадрии Давлаталӣ Саид баъд аз таъйинаш ба мақоми раиси вилояти Хатлон
Ҳакимзода, ки дар палатаи болоии парлумон роҳбарии Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экологияро ба уҳда дошт, бо фармони раисҷумҳур вазири кишоварзӣ таъйин гардид.
Ҷойи Ҳакимзодаро дар мақомоти иҷроияи Хатлон ва маҷлиси вакилони вилоят Давлаталӣ Саид гирифт.
Ӯ баъди таъйинаш ба раисӣ ва интихобаш ба вакилӣ дар Хатлон, раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят интихоб шуд. Ҳамчунин вакилони Маҷлис фармони президент дар бораи раиси вилояти Хатлон таъйин кардани Давлаталӣ Саидро тасдиқ намуданд.
Интизор меравад, ки Давлаталӣ Саид дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон низ Қурбон Ҳакимзодаро иваз намояд.
Лентаи хабарҳо
0