Нахустин тағйироти кадрии Давлаталӣ Саид баъд аз таъйинаш ба мақоми раиси вилояти Хатлон

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти ХатлонДавлатали Саид, глава Хатлонской области
Давлатали Саид, глава Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2023
Обуна шудан
Давлаталӣ Саи баъд аз таъйин шуданаш ба мақоми раиси вилояти Хатлон ахиран дар ҷаласае дар бораи тағйироти кадрӣ дар вилоят эълон кард
ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Ду нафар кормандони масъули Мақомоти вилояти Хатлон - сардори Раёсати кор бо занон ва оила Раъно Раҳимзода ва мудири шуъбаи назорати дастгоҳи раиси вилоят Гуландом Азимзода, аз вазифаашон озод шудаанд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон.
Бино бар иттилои манбаъ, ин мақомдорон бинобар расидан ба синни нафақа аз вазифа озод шудаанд.
Зикр гардидааст, ки иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба онҳо дар яке аз ҷаласаи ахир онҳоро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намудааст.
Сокини Шамсиддини Шоҳин, ки аз қурутоб заҳролуд шудаанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.01.2023
Вазорат расман заҳролудшавии 48 сокини Хатлон аз қурутобро рад кард
Дар ҳамин ҳол қайд гардидааст, ки тибқи қарори раиси вилоят Анзурат Абдусаломзода сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Хатлон таъин гардид.
Ёдоварӣ мекунем, ки 5 январи соли равон раисҷумҳури Тоҷикистон Давлаталӣ Саидро аз мақомаш, муовини аввали сарвазири Тоҷикистон барканор кард ва раисҷумҳур бо қарори дигараш ӯро ба мақоми раиси вилояти Хатлон таъйин кард.
Ин ҳам дар ҳолест, ки раиси пешини вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзодаро раисҷумҳур вазири кишоварзии Тоҷикистон таъйин кард.
Лентаи хабарҳо
0