Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Талоши артиши Украина барои истифодаи силоҳи кимёӣ дар хати ҷабҳаи Запарожие

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкМеждународные военные учения НАТО, архивное фото
Международные военные учения НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2023
Обуна шудан
Раҳбари ҷунбиши “Мо бо Русия ҳастем” дар бораи талоши истифодаи силоҳи кимёӣ аз тарафи артиши Украина дар хати ҷабҳаи Запарожие хабар дод
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Сарбозони украинӣ кушиш карданд дар самти Запорожие аз силоҳи кимиёвӣ истифода намоянд, иттилоъ додааст Владимир Рогов, раҳбари ҷунбиши “Мо бо Русия ҳастем” дар Telegram-канали худ.
"Укроназиҳо бо истифода аз паҳподҳо кушиш карданд, ки ба макони мустақари нерӯҳои Русия маводи номаълумро партоб намоянд. Сарбозони мо фавран онро ошкор карда, муқобилият нишон доданд - ҳеҷ осеби ҷиддӣ нарасидааст, як сарбоз сӯхтаи кимиёвӣ гирифтааст", - навиштааст Рогов дар Telegram-канали худ.
"Дар сурати такрори чунин ҳамла, маҷмуаҳои муҳофизати кимиёӣ ба хатти ҷабҳа интиқол дода шуданд", - афзуд ӯ.
Украинские войска ведут артиллерийский огонь в районе Бахмута - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Пешниҳоди ИМА ба Киев дар мавриди Артёмовск маълум шуд
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро “ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, ҳадафҳои амалиёти вижа инчунин аз ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина иборатанд.
Лентаи хабарҳо
0