Сарвазири Русия мусалмононро ба Иди саиди Фитр табрик кард

© Sputnik / Александр Астафьев / Гузариш ба медиабонкПремьер-министр РФ М. Мишустин провел заседание Координационного совета по обеспечению потребностей ВС РФ
Премьер-министр РФ М. Мишустин провел заседание Координационного совета по обеспечению потребностей ВС РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2023
Обуна шудан
Сарвазири Русия дар табрикоташ таъкид кард, ки ислом яке аз динҳои суннатӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи мероси таърихии Русия аст
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Уммати мусулмон дар пойдор гардидани ҷомеаи Русия ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон нақши муҳим мебозанд, гуфт сарвазири Русия Михаил Мишустин дар табрикоташ.
Вай раиси Шӯрои муфтиёти кишвар Равил Ғайнутдинро бо Иди саиди Фитр табрик кард.
"Уммат дар ҳаёти Русия фаъолона иштирок мекунад. Вай барои ҳифзи арзишҳои маънавию ахлоқӣ, фарҳангӣ ва эҳёи мактаби миллии исломии динӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад", - гуфт Сарвазири Русия.
Ба гуфтаи ӯ, иттиҳодия барои ҷориӣ намудани арзишҳои дуруст ба ҷавонони кишвар нақши хоса дорад.
“Бо шарофати шумо ҳамкории созанда бо мақомоти давлатӣ дар бахшҳои мухталиф тақвият меёбад, ташаббусҳои башардӯстонаи дахлдор амалӣ мешаванд. Ва албатта, барои тарбияи ватандӯстии ҷавонон корҳои зиёде анҷом дода мешавад", - афзуд Мишустин.
Сарвазири Русия таъкид кард, ки дар Русия ба мазҳабу дини мардум эҳтироми ҳамешагӣ доранд ва ислом яке аз динҳои суннатӣ ва ҷузъи ҷудонашавандаи мероси таърихии кишвар аст.
Ӯ ба муфтӣ ва кулли мусалмонони Русия сулҳ, рӯзгори обод, саломатӣ ва бахту саодати хонаводагӣ таманно кардааст.
Намози Иди Фитр дар Маскав - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2023
Намози Иди Фитр бо иштироки садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ дар Маскав – видео
Ёдовар мешавем, Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз поёни моҳи рамазон баргузор мешавад.
Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд.
Дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон ба поён расид ва мардуми кишвар ҷашни деринтизорро таҷлил карданд.
Тибқи анъана дар ин рӯз мусалмонон наздикону пайвандонро бо Иди саиди Фитр табрик гуфта, дар масҷидҳои кишвар намози бомдодӣ мехонанд. Намози ид соати 06:30 ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд.
Баъд аз анҷоми намози ид аксарияти муҳоҷирон ба хонаҳои наздикону рафиқони худ мераванд то ба Ид онҳоро табрик намоянд.
Лентаи хабарҳо
0