Намози Иди Фитр бо иштироки садҳо ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ дар Маскав – видео

Обуна шудан
Муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ бомдоди рӯзи 21 апрел дар масоҷиди ҷомеъи шаҳри Маскав намози иди Рамазонро хонданд
Субҳи имрӯз ҳазорҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои собиқӣ Шӯравӣ, аз ҷумла аз кишварҳои Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон барои адои намози Иди Фитр ба масҷиди марказии шаҳри Маскав рафтанд.
Чандин ҳазор нафар аз мусулмонон имрӯз дар Маскав намози ид гузоштанд. Азбаски бузургтарин масҷиди Маскав дар ҷодаи Сулҳ ҳамаро ғунҷонда наметавонист, аксрият дар хиёбонҳои атрофи он намоз гузоштанд.
Сокинони Тоҷикистон иди саиди Фитрро бошукуҳ таҷлил мекунанд
Пас аз амри маъруф ва суханони табрикии Равил Ғайнуддин — Раиси Шӯрои муфтиёти Русия Равил Ғайнуддин намози Иди Фитр баргузор шуд.
Баъд аз анҷоми намози ид аксарияти муҳоҷирон ба хонаҳои наздикону рафиқони худ мераванд то ба Ид онҳоро табрик намоянд.
Аксари нафароне, ки имрӯзҳо ба Масҷиди ҷомеъи Маскав меоянд шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон мебошанд.
Раҳмон тоҷикистониёнро ба иди Фитр табрик гуфту ба зарурати сарфакорӣ даъват кард
Иди Фитр яке аз ду иди бузурги мусулмонон аст, ки он ҳамасола дар рӯзи аввали моҳи шаввол, пас аз поёни моҳи рамазон баргузор мешавад.
Ин ҷашни муборак пас аз анҷом ёфтани моҳи шарифи Рамазон таҷлил мегардад. Дар ин рӯз мардум либосҳои тоза ба бар намуда, ба ҳамдигар тӯҳфаҳо тақдим мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0