https://sputnik.tj/20230421/rusiya-huzur-maorifi-khorija-gustarish-1056608313.html
Русия ҳузурашро дар маорифи хориҷа густариш медиҳад
Русия ҳузурашро дар маорифи хориҷа густариш медиҳад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини вазири маориф ва илми Русия дар бораи ду самти муҳимтарини ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи маорифи кишвар изҳори назар кард
2023-04-21T18:15+0500
2023-04-21T18:15+0500
2023-04-21T18:54+0500
дар русия
маориф
таҳсил
ҳамкорӣ
донишҷӯ
квота
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1a/1054504073_518:0:2680:1216_1920x0_80_0_0_fc2fc587e443dae6e2474162b377417c.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Русия шаклҳои нави ҳузури таҳсилоти кишварро дар хориҷа таҳия мекунад, гуфт муовини вазири маориф, Константин Могилевский. Тавре вай тавзеҳ дод, содироти таълим на танҳо дар шакли классикии филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, балки дар шаклҳои куллан нав низ ба нақша гирифта шудааст. Самти дигар, такмили низоми квота барои таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия муаррифӣ шуд. Могилевский гуфт, ки дар ин самт барои баланд бардоштани сифати интихоби донишҷӯён кор бурда мешавад.Ин дар ҳолест, ки таваҷҷуҳ ба таҳсил дар Русия миёни довталабон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зиёд мебошад. Вазорати маориф ва илми Русия тасмим гирифтааст, ки дар соли оянда теъдоди квотаҳои ҷойҳои буҷавӣ дар донишгоҳҳоро барои донишҷӯёни хориҷӣ ҳифз намояд.Вазири маориф ва илми Русия, Валерий Фалков, ахиран иттилоъ дод, ки дар соли 2024 ҳамон миқдори квотаҳое, ки дар соли 2023 ба донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил дар донишгоҳои Русия ҷудо шуда буд, боқӣ мемонад.Ба гуфтаи ин вазорат, дар соли равон барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ тибқи квотаи ҳукумати Русия 30 ҳазор ҷой ҷудо шудааст. Дар маҷмуъ шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия қариб 400 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.
https://sputnik.tj/20230412/tojikiston-maktabi-rusi-iftitoh-1056416259.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1a/1054504073_788:0:2409:1216_1920x0_80_0_0_3d94b058ababd1d60e72fd088e494e44.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
азм, русия, ҳузур, бештар, маориф, хориҷӣ
азм, русия, ҳузур, бештар, маориф, хориҷӣ
Русия ҳузурашро дар маорифи хориҷа густариш медиҳад
18:15 21.04.2023 (Навсозишуда: 18:54 21.04.2023) Муовини вазири маориф ва илми Русия дар бораи ду самти муҳимтарини ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи маорифи кишвар изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Русия шаклҳои нави ҳузури таҳсилоти кишварро дар хориҷа таҳия мекунад, гуфт муовини вазири маориф, Константин Могилевский.
Тавре вай тавзеҳ дод, содироти таълим на танҳо дар шакли классикии филиалҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, балки дар шаклҳои куллан нав низ ба нақша гирифта шудааст.
"Дар охири моҳи май мо нақша дорем, ки шеваҳои навро дар ҳукумат дифоъ карда, ба татбиқи онҳо шурӯъ кунем", - таъкид кард муовини вазир.
Самти дигар, такмили низоми квота барои таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия муаррифӣ шуд. Могилевский гуфт, ки дар ин самт барои баланд бардоштани сифати интихоби донишҷӯён кор бурда мешавад.
Ин дар ҳолест, ки таваҷҷуҳ ба таҳсил дар Русия миёни довталабон аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил зиёд мебошад.
Вазорати маориф ва илми Русия тасмим гирифтааст, ки дар соли оянда теъдоди квотаҳои ҷойҳои буҷавӣ дар донишгоҳҳоро барои донишҷӯёни хориҷӣ ҳифз намояд.
Вазири маориф ва илми Русия, Валерий Фалков, ахиран иттилоъ дод, ки дар соли 2024 ҳамон миқдори квотаҳое, ки дар соли 2023 ба донишҷӯёни хориҷӣ барои таҳсил дар донишгоҳои Русия ҷудо шуда буд, боқӣ мемонад.
Ба гуфтаи ин вазорат, дар соли равон барои таҳсили шаҳрвандони хориҷӣ тибқи квотаи ҳукумати Русия 30 ҳазор ҷой ҷудо шудааст. Дар маҷмуъ шумораи донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия қариб 400 ҳазор нафар арзёбӣ мешавад.