Тоҷикистон ният дорад, мактабҳои русиро боз ҳам бештар ифтитоҳ намояд

© Sputnik / Рубен ГарсияОткрытие Российско-таджикской школы им. Юрия Гагарина в Душанбе
Открытие Российско-таджикской школы им. Юрия Гагарина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2023
Обуна шудан
Ғайр аз мактабҳое, ки аллакай дар ҳудуди Тоҷикистон тибқи стандартҳои Русия фаъолият мекунанд, мақомот ният дорад боз чанд мактаби дигар боз намояд
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Ҳукуматҳои Русия ва Тоҷикистон масъалаи ифтитоҳи мактабҳои нави таълимӣ тибқи стандартҳои Русия дар ҷумҳуриро баррасӣ доранд.
Ин мавзӯъ алакай дар сатҳи кобинаҳои ду кишвар матраҳ шудааст, гуфт раиси Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, раиси Кумитаи равобити байналмилалӣ ва байнипарлумонии палатаи болоии парлумон Фарҳод Раҳимӣ дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС.
"Ин масъала аллакай дар сатҳи ҳукуматҳои ду кишвар матраҳ шудааст. Ҳоло, ба фикрам, корҳои муқаддамотӣ барои омода кардани пешниҳодҳои нав барои ифтитоҳи мактабҳои изофии забони русӣ идома дорад", - гуфт Раҳимӣ.
Вай ёдовар шуд, ки аз моҳи сентябри соли 2022 дар Тоҷикистон 5 мактаб фаъолият дорад, ки дар онҳо таҳсил тибқи стандартҳои Русия ба роҳ монда шудааст.
Мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Бохтар, Хуҷанд ва Турсунзода ҷойгир буда, ҳудуди 5000 мактаббача дар онҳо таҳсил мекунанд.
Муассисаҳои таълимӣ бо дастгирии Русия бар асоси созишномаи ҳукуматҳои ду кишвар сохта шудаанд.
Рабочий визит премьер-министра РФ М. Мишустина в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2023
Сафари Михаил Мишустин ба Тоҷикистон - охирин хабарҳо
Раиси шаҳри Душанбе ҳамроҳ бо сарвазири Русия аз мактаби русӣ боздид карданд
Оқои Раҳимӣ ҳамчунин ба фаъолияти омӯзгорони рус дар Тоҷикистон баҳои баланд дод.
Ба гуфтаи вай, ин яке аз пурмаҳсултарин тарҳҳои таҳти сарпарастии порлумонҳои ду кишвар аст.
Бояд гуфт, ки ба мактабҳои тоҷикӣ на танхо муаллимони забони русӣ меоянд, балки омӯзгорони фанҳои дигар ҳам ҳастанд, ки талабот ба онҳо зиёд аст.
Онҳо дар 5 мактаби навтаъсис аз рӯи стандартҳои Русия омӯзиш медиҳанд ва инчунин курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро дар ҷойи худ ба роҳ мондаанд.
Дар соли равон шумори омӯзгорони русе, ки дар чаҳорчӯби лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” дар мактабҳои Тоҷикистон фаъолият мекунанд, аз 47 то 75 нафар афзоиш ёфтааст. Лоиҳа дар кишвар 6 сол аст, ки идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки соли 2023 бо ибтикори кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ Соли забони русӣ эълон шудааст.
Лентаи хабарҳо
0