https://sputnik.tj/20230421/putin-musalmonon-id-fitr-shodbosh-1056595320.html
Путин мусалмононро бо иди Фитр шодбош гуфт
Путин мусалмононро бо иди Фитр шодбош гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ки ин ҷашни мусалмонон таҷассумгари орзуи инсонҳо ба рушди ахлоқӣ ва шафқат буда, дорои ҳикмати бузург аст
2023-04-21T12:40+0500
2023-04-21T12:40+0500
2023-04-21T12:40+0500
дар русия
владимир путин
табрик
шодбош
мусалмон
иди фитр
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/08/1055381660_0:0:2917:1642_1920x0_80_0_0_428ac255c25c473d9191e0f193b7adfe.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин мусалмонони кишварро бо иди саиди Фитр шодбош гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.Сарвари давлат саҳми созмонҳои мусулмониро дар таъмини муколамаи байни миллатҳо ва динҳо арзишманд арзёбӣ намудд. Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки ин ид мавриди эҳтироми мусулмонони саросари ҷаҳон қарор дорад, дорои мазмуни баланди маънавӣ буда, хоҳиши мардум ба худшиносии маънавӣ, раҳму шафқатро ифода мекунад. "Бо қаноатмандӣ қайд мекунам, ки пайравони дини ислом дар кишвари мо ба анъанаҳои чандинасраи аҷдодӣ, таърихӣ, динӣ ва фарҳангӣ эҳтироми амиқ доранд, ҷавононро бо онҳо шинос мекунанд", - омадааст дар паём. Вай ҳамчунин афзуд, ки зиндагии ҷомеаи мусалмонони Русия пур аз кору талошҳои хайр аст. Президент таъкид намуд, ки махсусан дар солҳои охир ҳамкории ҷомеаи мусалмонон бо созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ таҳким ёфта истодааст. "Ба ташаббусҳои тарбиявӣ, маърифатӣ, хайриявӣ махсусан таваҷҷуҳи бисёр зоҳир мегардад", - зикр намуд ӯ. Илова бар ин, Путин зимни паёмаш ба саҳми созмонҳои мусулмонӣ дар нигоҳ доштани муколамаи байни миллатҳо ва мазҳабҳо, дар тарбияи ватандӯстии насли наврас таъкид намуд.
https://sputnik.tj/20230421/mirziyoev-id-ramazon-uzbekiston-zindoniro-afv-1056591632.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/08/1055381660_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_c8291638439031a38b55730ab0a458cd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тавсиф, владимир путин, русия, шодбошӣ, табрик
тавсиф, владимир путин, русия, шодбошӣ, табрик
Путин мусалмононро бо иди Фитр шодбош гуфт
Раисиҷумҳури Русия таъкид кард, ки ин ҷашни мусалмонон таҷассумгари орзуи инсонҳо ба рушди ахлоқӣ ва шафқат буда, дорои ҳикмати бузург аст
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин мусалмонони кишварро бо иди саиди Фитр шодбош гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.
Сарвари давлат саҳми созмонҳои мусулмониро дар таъмини муколамаи байни миллатҳо ва динҳо арзишманд арзёбӣ намудд.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки ин ид мавриди эҳтироми мусулмонони саросари ҷаҳон қарор дорад, дорои мазмуни баланди маънавӣ буда, хоҳиши мардум ба худшиносии маънавӣ, раҳму шафқатро ифода мекунад.
"Бо қаноатмандӣ қайд мекунам, ки пайравони дини ислом дар кишвари мо ба анъанаҳои чандинасраи аҷдодӣ, таърихӣ, динӣ ва фарҳангӣ эҳтироми амиқ доранд, ҷавононро бо онҳо шинос мекунанд", - омадааст дар паём.
Вай ҳамчунин афзуд, ки зиндагии ҷомеаи мусалмонони Русия пур аз кору талошҳои хайр аст.
Президент таъкид намуд, ки махсусан дар солҳои охир ҳамкории ҷомеаи мусалмонон бо созмонҳои давлатию ҷамъиятӣ таҳким ёфта истодааст.
"Ба ташаббусҳои тарбиявӣ, маърифатӣ, хайриявӣ махсусан таваҷҷуҳи бисёр зоҳир мегардад", - зикр намуд ӯ.
Илова бар ин, Путин зимни паёмаш ба саҳми созмонҳои мусулмонӣ дар нигоҳ доштани муколамаи байни миллатҳо ва мазҳабҳо, дар тарбияи ватандӯстии насли наврас таъкид намуд.