https://sputnik.tj/20230421/mirziyoev-id-ramazon-uzbekiston-zindoniro-afv-1056591632.html
Мирзиёев дар арафаи таҷлили иди Рамазон дар Ӯзбекистон беш аз 500 зиндониро афв кард
Мирзиёев дар арафаи таҷлили иди Рамазон дар Ӯзбекистон беш аз 500 зиндониро афв кард
Sputnik Тоҷикистон
Ба афроде, ки афв шуданд, барои мутобиқшавӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ, ҷалби онҳо ба меҳнати муфид, интихоби тарзи ҳаёти ва мавқеи сазовор дар ҷомеа мусоидат мешавад
2023-04-21T10:15+0500
2023-04-21T10:15+0500
2023-04-21T10:40+0500
мирзиёев
ӯзбекистон
авфи зиндониҳо
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/13/1050820955_0:67:1280:787_1920x0_80_0_0_9ea2ab5ebd615fbe4b80041cbdd17382.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар арафаи иди Рамазон, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев беш аз 500 маҳкумшударо афв кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури ин кишвар хабар медиҳад.Ба иттилои манбаъ, Мирзиёев қарореро “Дар бораи авф кардани як гурӯҳ ашхосе, ки аз кирдори содиркардаи худ самимона пушаймон шуда, ба роҳи ислоҳ собитқадамона рафтаанд” ба имзо расонд, ки тибқи он 541 нафарро афв шуданд. Дар паёми дафтари матбуоти раисҷумҳур зикр мегардад, ки ин иқдом ҳамчун зуҳуроти равшани хислатҳои наҷиби меҳрубонӣ, саховатмандӣ, инсондӯстӣ ва шафқат мебошад. Аз афвшудаҳо: • 374 нафар аз адои чазои асосӣ пурра озод карда шуданд; • 110 нафар шартан аз ҷазо озод карда шуданд; • 39 нафар - муҳлати ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ сабуктар шуд; • 18 нафар — ҷазояшон бо ҷазои инсондустонатар иваз карда шуд. Гуфта мешавад, миёни афвшудагон 36 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, 136 нафар занон, 75 нафар мардони аз 60-сола боло, 6 нафар ба фаъолияти созмонҳои мамнӯъ ҷалб шуда, мебошанд.Таъкид шудааст, ки ҳамаи онҳо ба назди оила ва хешовандонашон баргардонида шуда, барои мутобиқшавӣ ба иҷтимоӣ, ҷалби онҳо ба меҳнати муфид, интихоби тарзи ҳаёти солим ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар ҷомеа мусоидат хоҳанд кард. Маврид ба зикр аст, ки чунин иқдомот пас аз соли 2016 баъди ба қудрат расидани Мирзиёев дар Ӯзбекистон бештар шуда, тайи солҳои ахир ӯ чандид санади мушобеҳро имзо кардааст.
https://sputnik.tj/20230315/mirziyoev-metavonad-davra-seum-intikhob-1055525639.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/13/1050820955_72:0:1209:853_1920x0_80_0_0_eaf0632d7e03b64931b3614b36a044ea.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мирзиёев ид рамазон ӯзбекистон зиндонӣ афв
мирзиёев ид рамазон ӯзбекистон зиндонӣ афв
Мирзиёев дар арафаи таҷлили иди Рамазон дар Ӯзбекистон беш аз 500 зиндониро афв кард
10:15 21.04.2023 (Навсозишуда: 10:40 21.04.2023) Ба афроде, ки афв шуданд, барои мутобиқшавӣ ба ҳаёти иҷтимоӣ, ҷалби онҳо ба меҳнати муфид, интихоби тарзи ҳаёти ва мавқеи сазовор дар ҷомеа мусоидат мешавад
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар арафаи иди Рамазон, раиси ҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев беш аз 500 маҳкумшударо афв кард. Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури ин кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Мирзиёев қарореро “Дар бораи авф кардани як гурӯҳ ашхосе, ки аз кирдори содиркардаи худ самимона пушаймон шуда, ба роҳи ислоҳ собитқадамона рафтаанд” ба имзо расонд, ки тибқи он 541 нафарро афв шуданд.
Дар паёми дафтари матбуоти раисҷумҳур зикр мегардад, ки ин иқдом ҳамчун зуҳуроти равшани хислатҳои наҷиби меҳрубонӣ, саховатмандӣ, инсондӯстӣ ва шафқат мебошад.
• 374 нафар аз адои чазои асосӣ пурра озод карда шуданд;
• 110 нафар шартан аз ҷазо озод карда шуданд;
• 39 нафар - муҳлати ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ сабуктар шуд;
• 18 нафар — ҷазояшон бо ҷазои инсондустонатар иваз карда шуд.
Гуфта мешавад, миёни афвшудагон 36 нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, 136 нафар занон, 75 нафар мардони аз 60-сола боло, 6 нафар ба фаъолияти созмонҳои мамнӯъ ҷалб шуда, мебошанд.
Таъкид шудааст, ки ҳамаи онҳо ба назди оила ва хешовандонашон баргардонида шуда, барои мутобиқшавӣ ба иҷтимоӣ, ҷалби онҳо ба меҳнати муфид, интихоби тарзи ҳаёти солим ва ишғол намудани мавқеи сазовор дар ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки чунин иқдомот пас аз соли 2016 баъди ба қудрат расидани Мирзиёев дар Ӯзбекистон бештар шуда, тайи солҳои ахир ӯ чандид санади мушобеҳро имзо кардааст.