Тағйири омори бошандагон аз ИДМ дар Маскав

Обуна шудан
Дар пойтахти Русия тайи солҳои ахир теъдоди бошандагон аз ҳисоби қавму миллатҳои гуногун, аз ҷумла аз кишварҳои ИДМ тағйир ёфтааст
Теъдоди тоҷикистониҳо дар пойтахти Русия тайи чанд соли ахир ба таври назаррас тағйир ёфтааст.
Тибқи барӯйхатгирии аҳолӣ, дар соли 1989 шумораи тоҷикони муқими Маскав наздики 2,9 ҳазор нафарро ташкил дода буд.
Баъди пошхӯрии шӯравӣ, дар аҳди солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи умумии тоҷикистониҳо афзоиш ёфтааст. Бар асоси барӯйхатгирии аҳолии соли 2010, ки Росстат анҷом додааст, шумораи тоҷикҳо дар пойтахт ба 27,3 ҳазор наздик омадааст.
Тибқи ин ҳисобҳо дар солҳои баъди шумораи тоҷикҳо дар пойтахт кам шуда, соли 2021 ба 22,8 ҳазор нафар баробар шудааст.
Дар Маскав марказҳои санҷиши малакаи муҳоҷирон боз мешаванд
Дар мавриди намояндагони миллатҳои дигар, дар Маскав иқомат доранд, соли 1989 белорусҳо аз пешсафҳо будаанд.
Шумораи белорусҳо дар Маскав дар соли 2021 аллакай то 17,6 ҳазор нафар кам шудааст. Инчунин теъдод соли 2010 муодили 39,2 ҳазор нафар будаст.
Шумораи арманиҳо низ бар асоси барӯйхатгирии аҳолии соли 2021 нисбатан кам шуда, ба 68 ҳазор нафар расидааст. Ин омор соли 2010 ба 106,5 ҳазор нафар ва соли 1989 ба 44 ҳазор нафар баробар шудааст.
Ӯзбекон дар Маскав бар асоси барӯйхатгирии аҳолии соли 1989 ба 9,2 ҳазор соли 2010 ба 35,6 ҳазор ва соли 2021 ба 29,5 ҳазор нафар баробар шудааст.
Лентаи хабарҳо
0