https://sputnik.tj/20230421/maskav-markaz-sanjish-malaka-muhojir-1056591959.html
Дар Маскав марказҳои санҷиши малака барои муҳоҷирон боз мешаванд
Дар Маскав марказҳои санҷиши малака барои муҳоҷирон боз мешаванд
Sputnik Тоҷикистон
Дар пойтахти Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки қасд доранд дар ширкатҳои сохтмонии минтақа кор кунанд, марказҳои махсуси санҷиши салоҳият ифтитоҳ мешаванд
2023-04-21T10:55+0500
2023-04-21T10:55+0500
2023-04-21T10:55+0500
русия
муҳоҷират
муҳоҷир
дар тоҷикистон
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/01/1049653035_0:323:3067:2048_1920x0_80_0_0_a074a50735abded548eccb6154d621f0.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Маскав марказҳои санҷиши салоҳият барои хориҷиён аз кишварҳои ҳамсоя, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, ифтитоҳ мешаванд. Дар ин бора Олег Нуждин, муовини раиси маркази муҳоҷирати пойтахт дар мизи мудаввари Ассотсиатсияи миллии бинокорон (НОСТРОЙ) изҳор дошт.Ӯ афзуд, ки бахши бинокории Маскав ва вилояти Маскав яке аз роҳи асосии иқтисодиёт ба шумор меравад. Бинобар ин, мушкили нарасидани кадрҳо ҳамчунон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешавад, ки барои ҳалли он бо супориши шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар Тоҷикистону Ӯзбекистон намояндагиҳои маркази муҳоҷирати пойтахт ифтитоҳ шуданд ва онақша аст, ки дар Қирғизистон низ кушода шавад. "Мо ният дорем, ки марказҳои санҷиши малака кушоем, зеро корфармоён бояд дониши довталабро санҷанд",- гуфт Нуждин. Вай афзуд, ки ҳоло дар якҷоягӣ бо НОСТРОЙ як маҷмааи нармафзор озмоиш мешавад, ки дар он маводи имтиҳонӣ дар формати онлайн мавҷуд аст.Вай ҳамчунин афзуд, ки вазифаи аслии марказҳо мубориза бо миёнаравҳои бевиҷдон аст, ки худро агентии рекрутинг муаррифӣ мекунанд. Чунин навоварӣ, ба ақидаи ӯ, боиси шаффофияти бозор ва равандҳои нархгузорӣ ва масъулияти ҳам бинокорон ва ҳам корфармоён мегардад.
https://sputnik.tj/20230420/maskav-ronanda-muhojir-tojikiston-shahodatnoma-raqami-1056571611.html
русия
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/07/01/1049653035_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_1c5fe6db569daceeb64e3b387f60e38c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маскав марказ санҷиш малака муҳоҷирон
маскав марказ санҷиш малака муҳоҷирон
Дар Маскав марказҳои санҷиши малака барои муҳоҷирон боз мешаванд
Дар пойтахти Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки қасд доранд дар ширкатҳои сохтмонии минтақа кор кунанд, марказҳои махсуси санҷиши салоҳият ифтитоҳ мешаванд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Дар Маскав марказҳои санҷиши салоҳият барои хориҷиён аз кишварҳои ҳамсоя, ки дар соҳаи сохтмон кор мекунанд, ифтитоҳ мешаванд.
Дар ин бора Олег Нуждин, муовини раиси маркази муҳоҷирати пойтахт дар мизи мудаввари Ассотсиатсияи миллии бинокорон (НОСТРОЙ) изҳор дошт.
Ӯ афзуд, ки бахши бинокории Маскав ва вилояти Маскав яке аз роҳи асосии иқтисодиёт ба шумор меравад.
Бинобар ин, мушкили нарасидани кадрҳо ҳамчунон яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешавад, ки барои ҳалли он бо супориши шаҳрдори Маскав Сергей Собянин дар Тоҷикистону Ӯзбекистон намояндагиҳои маркази муҳоҷирати пойтахт ифтитоҳ шуданд ва онақша аст, ки дар Қирғизистон низ кушода шавад.
"Мо ният дорем, ки марказҳои санҷиши малака кушоем, зеро корфармоён бояд дониши довталабро санҷанд",- гуфт Нуждин.
Вай афзуд, ки ҳоло дар якҷоягӣ бо НОСТРОЙ як маҷмааи нармафзор озмоиш мешавад, ки дар он маводи имтиҳонӣ дар формати онлайн мавҷуд аст.
"Пас аз санҷиши малака, довталаб ба қаламрави Русия парвоз мекунад ва дар он ҷо ӯро корфармо пешвоз мегирад ва дар маркази муҳоҷирати мо маҷмӯи пурраи хизматрасониҳои марбут ба гирифтани патентро дастрас мекунад, ки тацрибан метавон дар ҳамон рӯз ба кор шурӯъ кард", - гуфт мавсуф
Вай ҳамчунин афзуд, ки вазифаи аслии марказҳо мубориза бо миёнаравҳои бевиҷдон аст, ки худро агентии рекрутинг муаррифӣ мекунанд.
Чунин навоварӣ, ба ақидаи ӯ, боиси шаффофияти бозор ва равандҳои нархгузорӣ ва масъулияти ҳам бинокорон ва ҳам корфармоён мегардад.