https://sputnik.tj/20230421/nur-rabboni-ismoikhon-qonuni-masud-ziddi-tolibho-muboriza-1056604378.html
Нур: Бо Раббонӣ, Исмоилхон, Қонунӣ ва Масъуд якҷо бар зидди толибҳо мубориза мебарем
Нур: Бо Раббонӣ, Исмоилхон, Қонунӣ ва Масъуд якҷо бар зидди толибҳо мубориза мебарем
Sputnik Тоҷикистон
Чеҳраҳои шинохтаи сиёсии Афғонистон имкон дорад барои муқовимат бо гурӯҳи ҳоким дар ин кишвар муттаҳидона муборизаро оғоз кунанд
2023-04-21T17:40+0500
2023-04-21T17:40+0500
2023-04-21T18:37+0500
афғонистон
ато муҳаммади нур
салоҳидин раббонӣ
масъуд аҳмад
мубориза
толибон
якҷоя
осиёи марказӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040940159_0:0:3073:1728_1920x0_80_0_0_fd286fff4954e3678f72dc969b48ea84.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Волии пешини Балх Атои Муҳамади Нур, мегуяд ки бо тавваҷуҳ ба вазъияти кунунӣ, ниёз аст то неруҳои зиди толибҳо канори ҳам қарор гиранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.Оқои Нур дар паём идонаи худ гуфтааст, ки бо Салоҳиддин Раббонӣ, Исмоилхон, Юнус Қонунӣ ва Аҳмад Масъуд як ҷо бар зиди толибҳо мубориза хоҳем кард.Волии пешини Балх изофа кардааст ки пайравони хати фикрии Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд барои муборизаи мунсаҷими алайҳи вазъияти ҳоким дар як сафи воҳиди қарор гирифтаанд.Вай тасреҳ кардааст, ки миёни сарони ҷамъияти исломии мушкиле вуҷуд надорад ва ба зудӣ муждае ба мардум эълом хоҳанд кард.Ба гуфта Атомуҳаммади Нур, ҳазфи сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ ба сурати густарда ва систематик аъмол мегардад ва барои поёни бахшидан ба ин вазъият мардуми лаҳзашуморӣ мекунанд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Атомуҳаммади Нур гуфта буд, ки толибҳо даст ба куштори "мухолифони сиёсӣ" худ мезананд ва бо ин фиреб барои ба расмият шинохтани ҳукумати худ ва идомаи ҳимояти молии ғарбӣ заминасозӣ мекунанд.Ӯ тавзеҳ надода ки ин "мухолифони сиёсии" толибҳо чӣ касоне буданд.Волии пешини Балх муддаӣ шудааст, ки ин гурӯҳ муртакиб "қатлҳои мармузӣ" ба номи "юриш ба ДОИШ*" шуда ва бар пешонии қурбониён "муҳри ДОИШ*" задааст.Оқои Нур, ки дар табъид ба сар мебарад, ҳамчунин "лобигарӣ" афрод ва гурӯҳҳое, ки ба гуфта ӯ ин иқдомоти толибонро "иҷрои мувофиқатномаи Давҳа унвон мекунанд" шармовар хондааст.Волии пешини Балхи коркардҳои толибҳоро ваҳшиёна хонда ва аз ҷомеъаи байналмилалӣ, ба вижаи Созмони Милал хоста буд, ки нагузорад мардум қурбонии сиёсатҳои гурӯҳе шаванд, ки ба гуфта вай ба каромати инсонӣ эҳтироме қойил нест.
https://sputnik.tj/20230323/ato-muhammadi-nur-tarh-himoyat-1055701772.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/07/10/1040940159_91:0:2822:2048_1920x0_80_0_0_cb3b455965c4c865d18b05a14c74e646.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, мубориза, толибҳо, якҷо, масъуд, атомуҳаммади нур, раббонӣ, муттаҳидона
афғонистон, мубориза, толибҳо, якҷо, масъуд, атомуҳаммади нур, раббонӣ, муттаҳидона
Нур: Бо Раббонӣ, Исмоилхон, Қонунӣ ва Масъуд якҷо бар зидди толибҳо мубориза мебарем
17:40 21.04.2023 (Навсозишуда: 18:37 21.04.2023) Чеҳраҳои шинохтаи сиёсии Афғонистон имкон дорад барои муқовимат бо гурӯҳи ҳоким дар ин кишвар муттаҳидона муборизаро оғоз кунанд
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Волии пешини Балх Атои Муҳамади Нур, мегуяд ки бо тавваҷуҳ ба вазъияти кунунӣ, ниёз аст то неруҳои зиди толибҳо канори ҳам қарор гиранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Оқои Нур дар паём идонаи худ гуфтааст, ки бо Салоҳиддин Раббонӣ, Исмоилхон, Юнус Қонунӣ ва Аҳмад Масъуд як ҷо бар зиди толибҳо мубориза хоҳем кард.
Волии пешини Балх изофа кардааст ки пайравони хати фикрии Бурҳониддини Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд барои муборизаи мунсаҷими алайҳи вазъияти ҳоким дар як сафи воҳиди қарор гирифтаанд.
Вай тасреҳ кардааст, ки миёни сарони ҷамъияти исломии мушкиле вуҷуд надорад ва ба зудӣ муждае ба мардум эълом хоҳанд кард.
Ба гуфта Атомуҳаммади Нур, ҳазфи сиёсӣ, қавмӣ ва забонӣ ба сурати густарда ва систематик аъмол мегардад ва барои поёни бахшидан ба ин вазъият мардуми лаҳзашуморӣ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Атомуҳаммади Нур гуфта буд, ки толибҳо даст ба куштори "мухолифони сиёсӣ" худ мезананд ва бо ин фиреб барои ба расмият шинохтани ҳукумати худ ва идомаи ҳимояти молии ғарбӣ заминасозӣ мекунанд.
Ӯ тавзеҳ надода ки ин "мухолифони сиёсии" толибҳо чӣ касоне буданд.
Волии пешини Балх муддаӣ шудааст, ки ин гурӯҳ муртакиб "қатлҳои мармузӣ" ба номи "юриш ба ДОИШ*" шуда ва бар пешонии қурбониён "муҳри ДОИШ*" задааст.
Оқои Нур, ки дар табъид ба сар мебарад, ҳамчунин "лобигарӣ" афрод ва гурӯҳҳое, ки ба гуфта ӯ ин иқдомоти толибонро "иҷрои мувофиқатномаи Давҳа унвон мекунанд" шармовар хондааст.
Волии пешини Балхи коркардҳои толибҳоро ваҳшиёна хонда ва аз ҷомеъаи байналмилалӣ, ба вижаи Созмони Милал хоста буд, ки нагузорад мардум қурбонии сиёсатҳои гурӯҳе шаванд, ки ба гуфта вай ба каромати инсонӣ эҳтироме қойил нест.