Ато Муҳаммади Нур: Аз тарҳи мо ҳимоят кунед

© Дафтари матуботи Ато Муҳаммади НурАто Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон бо писараш ва низомиён
Ато Муҳаммади Нур, раҳбари Ҷамъияти исломии Афғонистон бо писараш ва низомиён - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2023
Обуна шудан
Раҳбари ҷамъият исломӣ, ки ҳоло дар хориҷи кишвар ба ср мебарад, ахиран гуфт, ки дубора бар мегирдем ва дунё рӯзе шарманда хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Раҳбари ҷамъияти исломӣ, Ато Муҳаммади Нур дар маросими эъломи тарҳи наҷоти Афғонистони гуфт, ки аз ҳама аз ҷумла толибҳо мехоҳем аз тарҳи мо ҳимоят кунанд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Ҷомеъаи ҷаҳонӣ зери номи таъомули кишвариро дар оташ сӯхтонданд. Оё ҷой шарм нест Афғонистонро ба ин ҳолат раҳо кардед? ин амалкардашон бисёр шармовараст.
"Мо дубора бармегирдем ва дунё рӯзе шарманда хоҳад шуд. Дунё бояд ин зомбиҳоро аз байн бибаранд. Ҳазорон сарбози мо табоҳ шудаанд, ба кишварҳои мухталифи дунё овора шудаанд, бо сарнавишти инҳо чаҳбозӣ шудааст? Шумо иҷозаи боз кардани дафтар барои шӯрои мо намедиҳед, вале ба террористон дафтар боз кардед", афзуд Ато Муҳаммади Нур.
Талибы - охранники блокпоста - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2023
Муттақӣ мегӯяд дар Афғонистон ДИИШ нест: рост аст?
Ӯ ҳамчунон дар идомаи суҳбатҳояш изофа кард, ки ин танҳо роҳи ҳали раҳоӣ аз ин вазъият аст.
“Ин ба нафъи дунё ва минтақа аст. Таваққуъи мо аз дунё ва минтақа ин аст, ки тарҳи сиёсии моро ҳимоят кунанд ва нагузоранд Афғонистон бештар аз ин суқӯт кунад”, - гуфт ӯ.
Лентаи хабарҳо
0