https://sputnik.tj/20230420/rahmon-tojikistoniyon-id-fitr-tabrik-1056569345.html
Раҳмон тоҷикистониёнро ба иди Фитр табрик гуфту ба зарурати сарфакорӣ даъват кард
Раҳмон тоҷикистониёнро ба иди Фитр табрик гуфту ба зарурати сарфакорӣ даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон дар баробари табрикот бо ишора ба вазъи мураккаби иқтисоду буҳрон дар ҷаҳон аҳолиро даъват ба сариштаркорӣ кард
2023-04-20T09:45+0500
2023-04-20T09:45+0500
2023-04-20T09:55+0500
иди рамазон
дар тоҷикистон
эмомалӣ раҳмон
паёми табрикот
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/07/1055351492_169:400:1880:1362_1920x0_80_0_0_3c7a2421d2ba07cac690c6854c6760f9.jpg
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мардуми кишварро бо фарорасии иди саиди Фитр шодбош гуфта, дар мавриди шеваи таҷлили он тавсияҳо дод.Дар паёми табрикотӣ, ки дафтари матбуоти раисҷумҳур нашр кардааст, гуфта мешавад, дар ин рӯз мардуми мо аъмоли шоистаи инсонӣ, аз ҷумла кумаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо, аёдати падару модарон ва калонсолонро анҷом медиҳанд ва дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мефиристанд.Яъне ҳикмати иди саиди Фитр ва дар маҷмӯъ, моҳи Рамазон ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ дар миёни одамон мебошад.Раисҷумҳур аз мушкилоти иқтисодӣ ва ғизоӣ дар ҷаҳон ёдовар шуда, мардумро барои зиндагии роҳаттар ба заҳмати бештари самаранок даъват кардааст.Ӯ бо ишора ба чунин вазъ ба зарурати сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ кардани зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофи маводи ғизоӣ, аз ҷумла дар рӯзҳои ид ва риояи ҳатмии талаботи қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" таъкид кардааст.Раисҷумҳур изҳори итминон кардааст, ки ҳар як фарди огоҳу савобҷӯй дар ин рӯзи муборак тибқи анъаноти гузаштагонамон, барои анҷом додани амалҳои нек ва дар навбати аввал, дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кӯшиш менамояд.
https://sputnik.tj/20230412/id-ramazon-tojikiston-tajlil-posukhi-kumitai-din-1056408854.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/07/1055351492_366:376:1681:1362_1920x0_80_0_0_465eb62072e4c35dd4163928bfb8ca1f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон тоҷикистониён ид фитр табрик
раҳмон тоҷикистониён ид фитр табрик
Раҳмон тоҷикистониёнро ба иди Фитр табрик гуфту ба зарурати сарфакорӣ даъват кард
09:45 20.04.2023 (Навсозишуда: 09:55 20.04.2023) Президенти Тоҷикистон дар баробари табрикот бо ишора ба вазъи мураккаби иқтисоду буҳрон дар ҷаҳон аҳолиро даъват ба сариштаркорӣ кард
ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, мардуми кишварро бо фарорасии иди саиди Фитр шодбош гуфта, дар мавриди шеваи таҷлили он тавсияҳо дод.
Дар паёми табрикотӣ, ки дафтари матбуоти раисҷумҳур нашр кардааст, гуфта мешавад, дар ин рӯз мардуми мо аъмоли шоистаи инсонӣ, аз ҷумла кумаку дастгирӣ ба ятимону маъюбон, ниёзмандону камбизоатҳо, аёдати падару модарон ва калонсолонро анҷом медиҳанд ва дар ҳаққи гузаштагон дуои хайр мефиристанд.
"Тибқи таълимоти дини мубини ислом Худованд ин рӯзро барои ҳамаи мусулмонон ҳамчун рӯзи қабули дуои нек дар ҳаққи ҳамдигар, оромиву ободии Ватан ва анҷом додани корҳои хайру савоб муқаррар кардааст",- афзудааст президент.
Яъне ҳикмати иди саиди Фитр ва дар маҷмӯъ, моҳи Рамазон ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди аҳли ҷомеа ва густариши арзишҳои неку созандаи ахлоқиву маънавӣ, аз ҷумла эҳтирому самимият ва ҳамгироиву таҳаммулгароӣ дар миёни одамон мебошад.
Раисҷумҳур аз мушкилоти иқтисодӣ ва ғизоӣ дар ҷаҳон ёдовар шуда, мардумро барои зиндагии роҳаттар ба заҳмати бештари самаранок даъват кардааст.
Ӯ бо ишора ба чунин вазъ ба зарурати сарфаю сариштакорӣ, пешгирӣ кардани зоҳирпарастиву намоишкорӣ ва исрофи маводи ғизоӣ, аз ҷумла дар рӯзҳои ид ва риояи ҳатмии талаботи қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим" таъкид кардааст.
Раисҷумҳур изҳори итминон кардааст, ки ҳар як фарди огоҳу савобҷӯй дар ин рӯзи муборак тибқи анъаноти гузаштагонамон, барои анҷом додани амалҳои нек ва дар навбати аввал, дароз кардани дасти кумак ба ятимону маъюбон, ниёзмандону оилаҳои камбизоат ва дигар корҳои хайр кӯшиш менамояд.