https://sputnik.tj/20230421/mufti-rusiya-arzish-tahmil-gharb-1056602796.html
Муфтии Русия арзишҳои таҳмилии Ғарбро номақбул хонд
Муфтии Русия арзишҳои таҳмилии Ғарбро номақбул хонд
Sputnik Тоҷикистон
Ба паҳнсозии бадӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ дар саросари ҷаҳон бояд бо ягонагӣ ва хислати устувор посух дода шавад, гуфт муфтии Русия
2023-04-21T16:30+0500
2023-04-21T16:30+0500
2023-04-21T16:30+0500
дар русия
намоз
шӯрои уламо
муфтӣ
ғарб
арзиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/13/1056568117_0:159:3078:1890_1920x0_80_0_0_12ec51ced57098e58ace54e75bfd875b.jpg
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ҷомеаи Русия ба худкомагию падидаҳои бегонае, ки Ғарб таҳмил карда истодааст, ниёз надорад.Ин нуктаро роҳбари Идораи мусалмонҳои Русия, муфтӣ Равил Гайнутдин дар хутбаи намози ид баён дошт. Вай зимни мавъизааш ба муносибати Иди Фитр дар масҷиди ҷомеи Маскав оштинопазирии Русияро дар баробари ин гуна таблиғот қайд кард. "Федератсияи Русия бо он фарқ мекунад, ки арзишҳои анъанавӣ барои он - динӣ ва оилавӣ, муҳаббат ва эҳтиром ба ҳамдигар, бародарӣ ва ваҳдат муҳиманд", - гуфт Гайнутдин. Ба гуфтаи вай, коштани бадӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ дар саросари ҷаҳон бояд бо ваҳдат ва хислати устувор пешвоз гирифта шавад. "Қувваи мо дар имон, меҳнатдӯстӣ, дӯстии халқҳо ва руҳонияти мост. Мо медонем, ки ба гегемонияи бадӣ чӣ гуна муқобилат кунем. Русия як кишвари бузург аст, озмоишҳои бузургтар аз онро паси сар кардааст", - хулоса кард муфтӣ. Ёдовар мешавем, ки қаблан Шӯрои уламои Русия ба мусалмонон иҷоза дод, ки бо коғазҳои қиматнок савдо кунанд. Хариду фурӯши саҳмияҳо хилофи қонунҳои шариат нест, вале фатво ба коғазҳои қиматноки ширкатҳое, ки ба фурӯши машрубот, гӯшти хук ва қимор машғуланд, татбиқ нахоҳад шуд.
https://sputnik.tj/20230421/namozi-idi-fitr-muhojir-mehnati-maskav-video-1056599444.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/04/13/1056568117_174:0:2905:2048_1920x0_80_0_0_5d947a3cb26ddc17c8d865c4f74ee677.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муфтӣ, русия, ғарб, бархӯрд, арзиш
муфтӣ, русия, ғарб, бархӯрд, арзиш
Муфтии Русия арзишҳои таҳмилии Ғарбро номақбул хонд
Ба паҳнсозии бадӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ дар саросари ҷаҳон бояд бо ягонагӣ ва хислати устувор посух дода шавад, гуфт муфтии Русия
ДУШАНБЕ, 21 апр — Sputnik. Ҷомеаи Русия ба худкомагию падидаҳои бегонае, ки Ғарб таҳмил карда истодааст, ниёз надорад.
Ин нуктаро роҳбари Идораи мусалмонҳои Русия, муфтӣ Равил Гайнутдин дар хутбаи намози ид баён дошт.
"Ин арзишҳо демократия нест, балки танҳо рӯйпӯши он аст", - таъкид намудаст роҳбари Шӯрои уламои Русия.
Вай зимни мавъизааш ба муносибати Иди Фитр дар масҷиди ҷомеи Маскав оштинопазирии Русияро дар баробари ин гуна таблиғот қайд кард.
"Федератсияи Русия бо он фарқ мекунад, ки арзишҳои анъанавӣ барои он - динӣ ва оилавӣ, муҳаббат ва эҳтиром ба ҳамдигар, бародарӣ ва ваҳдат муҳиманд", - гуфт Гайнутдин.
Ба гуфтаи вай, коштани бадӣ аз ҷониби кишварҳои ғарбӣ дар саросари ҷаҳон бояд бо ваҳдат ва хислати устувор пешвоз гирифта шавад.
"Қувваи мо дар имон, меҳнатдӯстӣ, дӯстии халқҳо ва руҳонияти мост. Мо медонем, ки ба гегемонияи бадӣ чӣ гуна муқобилат кунем. Русия як кишвари бузург аст, озмоишҳои бузургтар аз онро паси сар кардааст", - хулоса кард муфтӣ.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Шӯрои уламои Русия ба мусалмонон иҷоза дод, ки бо коғазҳои қиматнок савдо кунанд.
Хариду фурӯши саҳмияҳо хилофи қонунҳои шариат нест, вале фатво ба коғазҳои қиматноки ширкатҳое, ки ба фурӯши машрубот, гӯшти хук ва қимор машғуланд, татбиқ нахоҳад шуд.