СММ: Тоҷикистону ҳамсояҳояш ба 1,4 трлн доллар ниёз доранд

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонСтроительство Рогунской ГЭС в Таджикистане
Строительство Рогунской ГЭС в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2023
Обуна шудан
Кишварҳои Осиёи Миёнаро зарур меояд, барои иҷрои тааҳҳудоти худ дар чаҳорчӯби созишномаи Порис ба системаи камкарбон ва устувори энержӣ гузаранд
ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik Кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд барои ноил шудан ба аҳдофи партоби сифрии гази карбон то соли 2050 ҳудуди 1,4 трлн доллар сармоягузорӣ кунанд.
Ин нукта дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид баён шудааст.
Ба гуфтаи ин созмон, Тоҷикистон, Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистонро зарур меояд, барои иҷрои тааҳҳудоти худ дар чаҳорчӯби Созишномаи Порис ба системаи камкарбон ва устувори энержӣ гузаранд.
Дар доираи ин аз ҷумла гузариши густарда аз сӯзишвории истихроҷшаванда ба манобеъи таҷдидшаванда зарур аст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран дар ҳошияи ҳамоиши СММ изҳор дошт, ки нақша доранд, то соли 2050, ҳиссаи худро дар иҷрои стратегияи "сифр - партов" тавассути рушди "энергияи сабз" боз ҳам афзоиш диҳанд.
Парк имени Садриддина Айни перед праздников Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2023
Нақшаи гулу ниҳолшинонӣ дар Душанбе барзиёд иҷро шудааст
Ӯ зикр намуд, ки зиёда аз 98%-и нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз ҳисоби захираҳои барқароршаванда, яъне "энергияи сабз" бахусус гидроэнергетика ба даст меояд.
Вай ҳиссаи Тоҷикистонро дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ хеле ночиз хонда, афзуд, дар ин радабандӣ ҷумҳурӣ дар ҷойи 130-ум қарор дораду аз рӯйи андозаи пасти чунин партовҳо мавқеи пешсафро ишғол менамояд.
Президент яке аз иқдомҳо дар ин самтро бунёди нерӯгоҳи "Роғун" гуфт.
Вай афзуд, тибқи ҳисоби мутахассисон, агар 17 млрд киловатт (кВТ) соат неруи барқе, ки дар "Роғун" тавлид хоҳад шуд, дар неругоҳҳои барқӣ бо истифодаи ангиштсанг истеҳсол гардад, партови гази карбон (CO2) ба атмосфера зиёда аз 13,5 млн тонро ташкил хоҳад дод.
Лентаи хабарҳо
0