Нақшаи гулу ниҳолшинонӣ дар Душанбе барзиёд иҷро шудааст

© Sputnik Парк имени Садриддина Айни перед праздников Навруз
Парк имени Садриддина Айни перед праздников Навруз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.04.2023
Обуна шудан
Ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар мавсими имсола шинондани беш аз 193 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳандаро ба нақша гирифта буданд
ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Дар пойтахти Тоҷикистон дар мавсими имсола то ҳол наздики 259 ҳазор бех дарахт шинонда шудаанд, иттилоъ дод Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ.
Ба иттилои манбаъ, дар шаҳри Душанбе ҷиҳати равнақи корҳои ободонию сабзкорӣ маъракаи ниҳолшинонӣ дар сатҳи баланд ва бо инобати талаботҳои агротехникӣ роҳандозӣ гардид.
Таъкид шудааст, ки дар натиҷаи чораандешиҳо нақшаи шинондани ниҳолҳо дар пойтахт 33% барзиёд иҷро гардид.
Кумитаи ҳифзи муҳити зист зикр намуд, ки ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар мавсими имсола шинондани беш аз 193 ҳазор бех ниҳолҳои ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳандаро ба нақша гирифта буданд, ки барзиёд амалӣ шуд.
Эмомали Рахмон открыл традиционную посадку саженцев дангаринском районе Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2023
Ятимов дар Фархор боғи хуч бунёд кардаст
Манбаъ афзуд, ки ҳамзамон дар масоҳати зиёда аз 34 ҳазор метри мураббаъ майсазор шинонда шуд.
Мақомоти ҳифзи муҳити зист теъдоди гулҳои мавсимию бисёрсоларо, ки дар пойтахти Тоҷикистон шинонда шудаанд, беш аз 9,8 млн адад арзёбӣ намуданд.
Роҳбарияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон азм дорад, ки пойтахти кишварро ба шаҳри сабз табдил диҳад.
Аз ҷумла бо ин ҳадаф бо иштироки роҳбарон дар ҳудуди муассисаи давлатии "Боғи Ғалаба", талу теппаҳои маҳаллаи Лучоб, Девдара, теппаҳои муассисаи истироҳатии Обшорон, Боғи Наврӯзгоҳ ба миқдори 6,3 ҳазор ниҳолҳои санавбар бо риояи талаботҳои агротехникӣ шинонида шуд.
Лентаи хабарҳо
0