"Ҳукмрон"-и ҳарами ҳавоӣ ҳавоӣ не: ҷангандаҳои F-35 ба Руминия барои барои чӣ лозиманд

© AFP 2023 / FABRICE COFFRINIИстребитель-бомбардировщик F-35
Истребитель-бомбардировщик F-35 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Обуна шудан
Аз ҷониби Бухарест харидорӣ шудани тайёраҳои “ноаён”-и F-35 Lightning II – омодагӣ ба ҷойгирнамоии яроқҳои ҳастаии ИМА дар қаламрави руминӣ аст
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Шӯрои олии мудофиаи миллии Руминия 11 апрел харидории ҷангандаҳои бомбаандози ошкорнамоиашон душвори F-35-ро “барои мустаҳкам намудани ҳимояи зиддиҳавоии кишвар” маъқул донист.
Дар як вақт Шӯро хавотириашро аз “дахолати беруна ба ҷараёни демократӣ дар Ҷумҳурии Молдова” баён намуд, ки аз он амнияти Руминия вобастагии бевосита дорад. Чунин ғамхорӣ ба шаҳрвандони молдавӣ ва дигар ҳамсояҳо ягон хушӣ надорад.
Маҷмааи яроқе, ки F-35 бо он мусаллаҳ карда шудааст, мушакҳои “ҳаво ба ҳаво”-ро дарбар мегирад, аммо мудофиаи зиддиҳавоӣ – ин таъиноти асосии “барқ” нест.
Қиркунанда-бомбаандози зерсадоӣ бо суръати киштии тезгарди ҳарбӣ барои “номаълум” бурда расонидани бомбаҳои термоядроии B61 сохта шудаанд ва дар оянда бошад F-35 интиқолкунандагони асосии яроқи ядроии тактикии НАТО - қиркунандаи F-16-ро бояд иваз намояд. Бухарест ба иштибоҳи таърихӣ роҳ дод.
Президент Кубы Мигель Диас-Канель - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Президенти Куба Амрикоро дар барангехтани низоъ дар Украина муттаҳам кард
F-35-ҳои амрикоӣ садҳо камбудиҳои таркибӣ ва хислатҳои “ғайри қобили қабул” дорад, то имрӯз барои истеҳсоли оммавӣ ризоияти Пентагонро нагирифтааст. Фақат 30 фоизи “барқ”-ҳои қувваҳои ҳарбиву ҳавоии ИМА қодиранд вазифаҳои ҷангиро ба пуррагӣ ба иҷро расонанд.
Ба ҳар ҳол, амрикоиҳо мекӯшанд то соли 2030 F-35-ро аз бештари муаммоҳои техникӣ орӣ созад ва дар як вақт – шартномаҳоро барои истифодаи якҷояи яроқи ядроӣ бо аъзоёни НАТО бештар банданд.
Нашрияи The Diplomat қайд менамояд, ки ҷараёни ин гуна корбарии мувозӣ ба ҷойгир намудани яроқи ядроии тактикӣ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ оварда мерасонад. Ва тайёраҳои F-35-и дар ин кишварҳо қарор дошта (ҳамаи “барқ”-ҳо дар шабакаи ягонаи ҷаҳонӣ таҳти назорати Пентагон қарор доранд), имкониятҳоро барои задани зарбаҳои амиқ ба иншоотҳо дар қаламрави Русияро соҳиб мегарданд.
Аслан, барои ҳамин ҳам қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Руминияро ба қиркунанда-бомбаандозҳои F-35 мешинонад. Ҷамъбасташ ҷавоби ҳамсони Русия, паст шудани амнияти кишварҳои ҳамҳудуд, ошуфтагии бисёрсолаи минтақа ва эҳтимолияти афзоиши қиёмати ядроӣ дар Руминия мешавад.
Шӯрои олии мудофиаи миллии Руминия (Consiliul Suprem de Aparare a Tarii) теъдод, мӯҳлат ва арзиши харидро аниқ накард, аммо ба монанди дигар кишварҳои Аврупои Шарқӣ (Финляндия – 64, Швейтсария – 36, Лаҳистон – 32 ададӣ) сухан дар бораи даҳҳо қиркунанда-бомбаандозҳои F-35-и арзишашон якчанд миллиард доллара мерафт.
Визит В. Зеленского в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2023
Зеленский Украинаро пора пора мекунад. Нобудсозон аллакай расидаанд
Пештар Руминия бо Норвегия барои харидории 32 тайёраҳои қиркунандаи нимдошти F16 ба маблағи 300 млн. доллар, бо Исроил бошад – барои харидории 18 бесарнишинҳо – ба маблағи 300 млн. доллар шартнома баста буд. Харидҳо гаронарзишанд, тасодуфӣ нест, ки Бухарест дар соли 2023 буҷаи низомиашро аз 2% то 2,5% маҷмӯи маҳсулоти дохилааш зиёд намуд.
То кадом андоза комил будани ин қарор ноаён аст, охир қарзи доимо афзудаистодаи давлати на ин қадар дорои Руминия қариб 270 млрд. долларро ташкил медиҳад. Барои муқоиса: қарзи берунаи Русия дар ҳолати 1 март – 56,7 млрд. доллар мебошад.

Ҳақиқат – дар ҷанг

Чӣ қадаре, ки қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Руминия “барқ”-ҳои навро дертар гиранд, ҳамон қадар муаммоҳояшон камтар мешавад. Қиркунанда-бомбаандози F-35-и “наздики насли панҷум” солҳост, ки дар сабабгори ҷанҷолу садамаҳо мебошад.
Пентагон на як бору ду бор қайд намудааст, ки ин тайёра, ки ҳар ададаш 158 млн. доллар арзиш дорад, сатҳи пасти эътимоднокӣ дорад.
Аз 540 чунин мошинҳои қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ, қувваҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва Корпуси пиёдагарди баҳрӣ ҳамагӣ 160 ададашон расман омодаи ҷанг ҳисобида мешаванд. Аз ҳама сатҳи пасти омодагиро навъҳои F-35C-и қувваҳои ҳарбӣ-баҳрӣ ва F-35B барои пиёдагардони баҳрӣ муаррифӣ намуданд.
Сдавшиеся в плен украинские военнослужащие и боевики националистического батальона Азов сидят в автобусе у следственного изолятора в Еленовке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Украина дар минтақаи Авдеевка ба таслими дастаҷамъӣ шурӯъ кард
Пас аз парвози аввалини F-35 дар соли 2006, ва қабули чунин мошинҳои “хом” барои мусаллаҳкунии қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА дар соли 2016 шумораи камбудиҳои сохторӣ ва барномавӣ ба андозаи ночиз кам шудааст, ва айни замон ин тайёраҳо зиёда аз 800 адад камбудиҳои хатарзои сатҳи гуногун доранд.
Имрӯз ба ин “барқ”-ҳо муҳаррики наву пурқувваттар лозиманд, ки ҳоло мавҷуд нестанд. Ҳоло бошад ҳангоми парвоз бо муҳаррики кӯҳна ва бо суръати фароовозӣ танаи тайёраи F-35 мекафад, рӯйпӯшҳои "стелс"-и думи тайёра кӯчида меафтанд. Суръати “крейсерӣ”-и F-35 – 850 км/соат. Радиуси ҷангиаш - 1000 км. Сарбории ҷангиаш - 9 тонна.
Ба солҳои зиёди сарфи ислоҳкуниву навсозӣ нигоҳ накарда, системаи компютерии ин қиркунанда, ки барои ҷанг хело зарур аст, номураттаб кор мекунад. Ба таври фарзиявӣ хакерҳо метавонанд шабакаи ALIS-ро қатъ созанд ва маълумотҳои махфии компютерҳои тайёраро дузданд ё худ худи F-35-ро “хомӯш” намоянд.
Мошини якбора “исён намуда” бошад метавонад бомбаҳои ядроии B61-ро бар зидди худиҳо ё иттифоқчиён истифода барад. Мо ҳоло бобати қатъ шудани додани ҳаво ба сарнишин нагуфтем - чунин ҳодисаҳоро дар Ҷопон ҳашт маротиба ба қайд гирифтанд. Дигар иттифоқчиёни ИМА низ шикоят доранд.
Хислатҳои ҷангии тайёраҳои “ноаён” зери чодари асрор қарор доранд, аммо онҳоро ҷангандаҳои русиягӣ ва системаҳои мудофиаи зиддиҳавоӣ болои баҳри Балтика ба хубӣ мебинанд, яъне онҳоро дар масофаи ниҳоии дур нобуд карда метавонанд.
Украинские военные используют Javelin во время учений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Амалиёти вижаи низомӣ: кумаки ИМА ва НАТО чун “ҳукми марг” барои Украина
Лоиҳаи F-35 истифодаи амалии ҳамаи яроқу аслиҳаи ҳавоии НАТО-ро барои нобуд сохтани нишонҳо дар ҳаво, дар замин ва дар баҳр пешбинӣ намудааст. Бо вуҷуди ин, тӯли ҳамаи ин солҳои истифодаи ҷангандаҳо аз ҷониби бисёр кишварҳо – бомбаандозҳои F-35 боре ҳам дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок накардаанд.
Ягон-ягон аз дур зарбазании қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии ИМА бар толибони Афғонистон* (моҳи сентябри соли 2018) ва ба анбори ҷиҳодиёни Ироқ (моҳи апрели соли 2019) – ба ҳисоб гирифта намешаванд, зеро душман умуман ягон намуд яроқи мудофиаи зидди ҳавоӣ надошт.
Ҳамин тавр, F-35 қиркунандаи амният ва пулҳои ИМА ва иттифоқчиёни вай мемонад. Руминияро табрик гӯем, мешавад, ба Молдавия бошад мехоҳем ҳамдардӣ изҳор кунем.
Роҳбарони идораҳои мудофиаи НАТО вобаста ба суръати сусти истеҳсоли лавозимоти ҷангӣ ва яроқу аслиҳа бонги хатар мезананд. Нашрияи Foreign Affairs чунин меҳисобад, ки норасоии лавозимоти ҷангии натогӣ дар Украина “яке аз аввалин нишонаҳои он гардид, ки дар асосҳои низомӣ-саноатии амрикоӣ муаммоҳо пайдо шуданд”.
На, дар бораи муаммоҳо кайҳо F-35-ҳои “бетолеъ” ва амсилаҳои (макет) мушакҳои фароовозии ИМА, ки ҳаргиз "ҳукмрон"-и ҳарами ҳавоӣ ҳавоӣ намешаванд, кайҳо занг зада буданд.
Послание президента РФ Владимира Путина Федеральному собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.02.2023
Амалиёти вижа, Ғарб, Донбасс, иқтисод ва пешрафт: Нуқоти муҳими паёми Путин ба парлумон
Амрико кайҳост, ки афзалияти технологиашро аз даст додааст ва мавқеи аз қафо давандаро дорад. Ва, табиист, ки қиркунандаи насли панҷуми русиягии Су-57 бар қиркунанда-бомбаандози навъи F-35 аз рӯи тамоми нишондаҳандаҳо бартарият дорад.
Мушакҳои фароовозии русиягӣ бошанд таи чанд сол аст, ки дар ихтиёри артиш аст ва дар ҷараёни амалиёти вижаи низомӣ дар Украина иқтидори баланди ҷангӣ нишон дода истодааст.
* - созмон ё гурӯҳе, ки таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0