Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Амалиёти вижаи низомӣ: кумаки ИМА ва НАТО чун “ҳукми марг” барои Украина

© AP / Ukrainian Defense Ministry Press ServiceУкраинские военные используют Javelin во время учений
Украинские военные используют Javelin во время учений - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Обуна шудан
Кумакҳои бисёрмиллиардаи амрикоӣ қувваҳои низомии Украина ва давлати украиниро ба худбарҳамдиҳии дурударози ҷисмонӣ мебарад
Русия сектори аврупоии ситемаи амнияти баробари ҷаҳони бисёрқутбаро боэътимод аз нав месозад.
Кумаки низомии Ғарб ба режими Киев ба торумори пурраи артиши украинӣ, заифсозии иттиҳоди НАТО, заволи иқтисоди Иттиҳоди Аврупо ва вайроншавии “яккаҳукмфармоӣ”-и Амрико оварда мерасонад.
Ғарби коллективӣ дар оташи ҷанги алайҳи Русия бо дасти дигарон афрӯхтаааш мекӯшад як чизи аёнро пай набарад. Русия дар театри амалиётҳои ҷангии украинӣ бартарии оташфишонӣ, тактикӣ ва стратегӣ нишон дода, дилпурона истеҳсоли яроқу аслиҳаро афзун намуда истодааст.
Режими лӯхтакмонанди киевӣ бошиддат “аз эътибор соқит намудани” яроқу аслиҳаи натогӣ ва захираҳои сафарбарнамудаистодаи артиши украиниро ба охир расонида истодааст.Тибқи дурнамои қобили мушоҳида шикасти навбатии шармандавори ИМА ва НАТО намоён аст.
“Зарбаҳои ҷавобӣ”-и артиши украинӣ, ки онро Вашингтон ва Киев кайҳо боз ваъда додаанд, бо сабабҳои гунногун аз зимистон ба баҳор, аз баҳор ба тобистон мононда мешаванд – қӯрхонаҳои “кишварҳои донор” холӣ шудаанду техникаи атиқаи зиреҳпӯши дастрас дар таъмир аст.
Низомиёни Русия мураттаб ва самаранок захираҳои қувваҳои низомии Украинаро, ки аз тамоми ҷаҳон зарра -зарра ҷамъоварӣ карда шудаанд, ҳам дар хати ҷабҳа ва ҳам дар умқи ақибгоҳ нобуд месозанд. Теъдоди низомиёни кушташуда бошад то 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Военная подготовка мобилизованных в Мурманской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Силоҳҳои ба Украина додашуда аллакай дар Аврупову Африқо пайдо шудаанд
Амалиёти вижа бебозгашт аст. Охир соле пеш Украина метавонист шартҳои Русияро иҷро намояд ва ҷони садҳо ҳазор аскарони худро нигоҳ дорад.
Муҳорибаҳои стратегӣ барои Артёмовск ба охир расида истодаанд. Низомиёни русиягӣ гарнизони украиниро аз маркази “қалъаи Баҳмут” ба ғарбтари шаҳр танг карда бароварданд. Ва он ҷо мунтазам муқовимати фашистонро пахш менамоянд.
Ҳамаи биноҳом маъмурӣ ва иншоотҳои муҳими саноатӣ дар Артёмовск ҳафтаи гузашта таҳти назорати ширкати низомии хусуии "Вагнер" гузаштанд (ҳамчунин, ба фишори “мусиқачиён” дар варзишгоҳҳои "Металлург" ва "Авангард" низ тоб наоварданд).
Ҷангҳо дар даромади деҳаи Богдановка ва 5 км ғарбтар аз Артемовск идома доранд, ва ҳамаи роҳҳои таъминоти низомиёни украинӣ аз ҷониби Часов Яр таҳти оташи тӯпҳои русиягӣ қарор доранд ва “роҳи марг”-ро ба хотир меоранд.
Зерсохторҳои украинии амонмонда тавассути пайроҳаҳои пинҳонӣ “гӯштқимакунаки баҳмутӣ”-ро тарк намуда истодаанд. Озодкунии оянда ва наздики Артемовск ба қувваҳои мусаллаҳи Русия барои ба тарафҳои оҷилии шимол ва ҷануб зарба задан роҳ мекушояд.
Душман хатҳои мудофиавиашро мустаҳкам менамояд, ва техникаи ҷангиро бевосита дар шаҳри Часов Яр, ки ғарбтари Артемовск/Баҳмут дар баландӣ қарор дорад, ҷойгир намуда истодааст.
Бо камбуди теъдоди техникаи вазнини зиреҳпӯши ҷангӣ ва тӯпҳо, қувваҳои низомии Украина ҳудудро нигоҳ дошта наметавонанд. Ба корхонаҳои ИМА ва дигар кишварҳои НАТО солиёни зиёд лозиманд, ки истеҳсоли танкҳо ва тири тӯпҳоро бо теъдоди барои Киев зарурӣ ба роҳ монанд. Душманони Русия ин қадар вақт надоранд.

Душманони Русия дер зиндагӣ намекунанд

Дар театри амалиёти низомии Украина қувваҳои мусаллаҳи Русия зерсохторҳо, техникаи зиреҳпӯш, техникаи ҷангӣ, яроқу аслиҳа ва анборҳои низомиёни украиниро дар Авдеевка, Днепропетровск, Константиновка, Краматорск, Марйинка, Угледар, ҳамзамон дар Запороже, вилоятҳои Харков, Херсонск ва Черниговск устуворона нобуд карда истодаанд.
Гулӯлаборонкунӣ ва бомбаборонкуниҳои шадид ба иншоотҳо ва мавқеъҳои низомиёни украинӣ мураттаб, якчанд маротиба дар шабонарӯз сурат мегиранд.
Дар самти Авдеевка зерсохторҳои қувваҳои низомии Русия то ба Красногоровка, Веселий ва Каменка расиданд, ки имкони иҳотаи шаҳрро аз се тараф медиҳад (чун пештар дар Соледар ва Артемовск).
Қувваҳои низомии Украина дар Авдеевка тӯли якчанд сол гузаргоҳҳои зеризаминии таҳхонаҳои заводи коксу кимёвиро бо дигар корхонаҳо мепайваста сохтаанд.
Бинобар ин, зарбаҳои тӯпҳои артиши русиягӣ ба ин мавзеъҳо на ҳама вақт ба нишон мерасанд. Ба шикаст фақат пас аз истифодаи бомбаҳои ҳушманди ҳавоии УПАБ-1500 бо қисмати ҷангии беш аз як тоннагӣ муваффақ гардиданд.
Washington Post: Амрико ба муваффақияти "зиддиҳамла"-и Украина бовар надорад
Захираҳои душман (ССО) дар мавзеи деҳаи Кизомис дар соҳили рости вилояти Херсонск, қатораи роҳи оҳани ҳомили яроқ ва лавозимоти ҷангӣ барои артиши украинӣ дар наздикии шаҳри Днепропетровск бо чунин бомбаҳои ҳавоӣ хароб гардонида шуда буданд.
Бо зарбаҳои мушакҳои нишонрасиашон амиқ анборҳои яроқу аслиҳаи мушакиву тӯпӣ, ҳамзамон - анбор бо 70 ҳазор тонна сӯзишворӣ барои “задани зарбаи ҷавобӣ”- и низомиёни украинӣ дар ноҳияҳои аз ҷониби ҷангиёни режими киевӣ забтгардидаи шаҳри Запороже ба пуррагӣ нобуд карда шуданд.
Кӯшишҳои задани зарбаҳои ҷавобӣ аз ҷониби зерсохторҳои низомиёни украинӣ дар наздикии Северск ва ҷойивазкунии онҳо дар самти Купянск барҳам зада шуданд.
Низомиёни Русия 9 апрел бо зарби мушакӣ нуқтаи фармондеҳии ҷабҳаи пеши дастаҳои зудамали қувваҳои мусаллаҳи Украинаро бо номи “Харков” “беяроқ” намуданд.
Ин нуқтаи стратегӣ наздикии шаҳраки Великий Бурлук – тақрибан 20 километр дуртар аз сарҳади Русия - ҷойгир буд. Ва ҳамагӣ тӯли як моҳ ҳашт адад чунин нуқтаҳои фармондеҳи(ситодҳо)-и артиши украинӣ нобуд карда шуданд - аз сатҳи баталйон ва болотар.
Ғарб номувофиқатии низомӣ-технологиаш ба нақшаҳои сиёсати беруна ва бо эъломияашро дар тамоми соҳаҳои фаъолияти низомӣ муаррифӣ намуда истодааст. Бомбаҳои “ҳушманд”-и амрикоӣ дар Украина “нодон” мешаванд.
Дар қувваҳои низомии Украина оддитарин тайёраҳои зарбазан ва воситаҳои мудофиаи зиддиҳавоии ғарбӣ намерасанд. Бе ин ҳама фақат одамони беёд “ба Қрим қадам мезананд”. Воқеан, Пентагон пас аз шармандавор аз даст додани "Жнетс"-аш (MQ-9 Reaper) ба сарнишинони худ фармон дода аст, ки аз Қрим дар масофаи 80 км дуртар парвоз кунанду аз ин наздик нашаванд..
Работа танкистов в зоне СВО - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.04.2023
Киев пас аз ифшои асноди маҳрамонаи "Нақшаи низомӣ”- и худро тағйир дод
400 рӯзи аввали амалиёти вижаи низомӣ ба таври боварибахш исбот намуд, ки таъминоти низомӣ аз ҷониби ИМА ва НАТО ба режими киевӣ кӯмак намерасонад.
Баръакс, кӯмакҳои бисёрмиллиардаи амрикоӣ қувваҳои низомии Украина ва давлати украиниро ба худбарҳамдиҳии дурударози ҷисмонӣ мебарад – ба хотири манфиатҳои иқтисодӣ ва роҳгумиҳои Вашингтон дар бораи нақши худ дар сайёра.
Таҳлилгари низомии амрикоӣ Скотт Риттер талафоти қувваҳои мусаллаҳи Украинаро дар як соли амалиётҳои низомӣ ба теъдоди 320 ҳазор кушташудагон баҳо дод.Ва ин баҳои аз ҳама ниҳоӣ нест.
Бобати иқтидори техникаи низомии ғарбӣ - қувваҳои низомии Русия танҳо таи се моҳи охир 59 тӯпандози навъи М777, 13 дастгоҳҳои худгарди тӯпандози Paladin ва 14 маҷмааи мушакии оташи силсилавии навъи (РСЗО) HIMARS-и истеҳсоли Амрико, ҳамчунин - 30 дастгоҳҳои худгарди тӯпӣ, ки ба Украина аз Фаронса, Олмон, Лаҳистон ва Чехия фиристода буданд, нобуд карданд.
Бо ин суръат дар охири соли 2023 иттиҳоди “некхоҳ”-и НАТО бе тӯпандоз монданаш мумкин аст.
Дар ин пасманзар рушди иқтидори низомӣ ва иқтисодиёти устувори Русия басо чашмрас аст. Ин бошад ба Русия имкон медиҳад қотеона сӯи мақсадҳои амалиёти вижаи низомӣ ва дигар нишондиҳандаҳои ягона ва тақсимнашавандаи амнияти ҷаҳони бисёрқутба гом занад.
Ба канали коршиноси низомӣ Александр Хроленко дар "Telegram" пайвандед.
Лентаи хабарҳо
0