Зеленский Украинаро пора пора мекунад. Нобудсозон аллакай расидаанд

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкВизит В. Зеленского в США
Визит В. Зеленского в США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Украина пешниҳод дорад байни Лаҳистон ва Украина “сарҳад аз байн равад”. Дилнавозаш он чиз аст, ки ин ғояи худро Зеленский чӣ гуна шарҳ медиҳад.
ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Виктория Никифорова. Мулоқоти Зеленский ва Дуда, оғӯшгириҳояшон, ашкрезӣ ва аз ҷониби сарвазири лаҳистонӣ ба доҳии украинӣ супоридани ордени Уқоби сафед (баландтарин мукофоти Лаҳистон), нафақат боиси иншо шудани тамасхурҳо дар шабакаҳои Интернет гаштанд, балки чунин ҳиссиётро ба бор меорад, ки ин ҳама бегапӣ нест. Ба касе лозим меояд ҳамаи ин қарзро баргардонад.
Дар ҳақиқат, аз мулоқоташон як ҳафта ҳам нагузашта, аллакай матбуоти Лаҳистон кушоду равшан менавишад, ки Зеленский ният дорад Украинаи Ғарбиро ба Лаҳистон диҳад.
Хайр, чӣ шудааст? Ба роҳбари собиқ ҷумҳурии шуравии советии сотсиалистӣ бозичаи зебои бачагонаро доданд, вай бошад қарор дод садҳо километри квадратӣ заминро бо миллионҳо шаҳрвандони дар он ҷо зиндагӣ доштааш ба заминдори лаҳистонӣ тӯҳфа кунад. Ҳамааш чун дар классикаи асримиёнагӣ.
Ба хотири иҷрои хоҳишҳои хоҷагони англо-саксонии худ дар Украина аввал аз баҳри таъриху дини худ баромаданд, сипас кӯшиданд шарқи кишвари худро аз ҷиҳати ҷисмонӣ нобуд кунанд, аммо охири охирон худашон худашонро тариқи оммавӣ бо роҳи бархӯрд бо артиши русиягӣ ба марг расониданд. Акнун сухан дар бораи тақсими қаламраҳои худ меравад.
Военные покидают свои позиции во время отхода в селе Петровское, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2023
Расонаӣ шудани "сир"-и Пентагон – сафедкунии шикасти "ҳамлаи ҷавобӣ”-и артиши Украина аст
Охир Лаҳистон дар доногӣ ягона нест - барои луқмаи муфти украинӣ Руминия ва Венгрия низ дар навбат истодаанд. Шигифтангез нест, ки миллионҳо одамон хурсанд мешаванд, агар гурезанд – бо замини худ - аз Украинаи фаношудаистода ба Русия.
Зеленский пешниҳод дорад байни Лаҳистон ва Украина “сарҳад барҳам дода шавад”. Дилнавозаш он чиз аст, ки ин ғояи худро Зеленский чӣ гуна маънидад мекунад.
Маълум шуд, ки барои яроқҳои ба Украина додаи Амрико пул додан лозим будааст, пул бошад - нест, иқтисодиёт амалан вуҷуд надорад. Ана барои ҳамин, Зеленский аз тоҷирони лаҳистонӣ кӯмак пурсида истодааст, то ба ӯ барои баргардонидани қарзҳои аз ИМА гирифтааш кӯмак расонанд, бар ивазаш ба лаҳистониҳо таклиф дорад ба Украина дароянду ба маънои томаш чизе барояшон лозим бошад - гиранд.
Фикри сохтани давлати Реч Посполитаяи нав (ё худ Лаҳистони нав)-ро аз дилу ҷон Англия дастгирӣ менамояд.
Аз ҳайати Иттиҳоди Аврупо берун шуда, Англия фишангҳои идоракунии Ҷаҳони Куҳан(Аврупо, Осиё, Африқо)-ро гум карда буд. Орзу дар бораи Междуморе (қаламравҳои байни баҳрҳо) – ин орзуи дерина дар бораи таҳти назорати низомии худ гирифтани қаламравҳои қитъаи Аврупо аст.
Ғайр аз Украинаи Ғарбӣ, Лаҳистон, Молдавия, кишварҳои назди Балтик ба он ҷо боз мехоҳанд Белоруссияро ҳам дароранд – ҳатман пас аз ташкили Майдон бо аз байн бурдани ҳукумат.
Военнослужащий украинской армии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.04.2023
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Washington Post: Амрико ба муваффақияти "зиддиҳамла"-и Украина бовар надорад
Он гоҳ таҳти идораи инглисҳо як ҷазирақаламрави бутуни Аврупои шарқӣ бо аҳолии садҳо миллион нафар пайдо мегардад. Ҳаёт дар ин қаламрав қашшоқ, хатарнок ва кӯтоҳ хоҳад буд. Аммо маҳз ҳамин қашшоқӣ миллионҳо аскарони ноумедшударо тавлид месозад , ки онҳо бо хурсандӣ бо аввалин фармони шоҳи инглис бар ҷанг бо Русия мераванд.
Тосадуфӣ нест, ки ҳамаи матбуоти бритонӣ имрӯз ба якдигар навбат надода лаҳистониҳоро таърифу тафсиф доранд - шӯҳратпарастии онҳоро беибо тақвият дода, пешакӣ Лаҳистонро ғолиби низои русияву украинӣ эълон менамояд.
Поракунӣ ё худ каллаву почакунии Украинаро дар Вашингтон дарк мекунанду дастгирӣ менамоянд. Омехташавию мутобиқшавии украиниҳо ҷараёни дурударозу дарднок хоҳад буд ва даҳсолаҳо кашол хоҳад ёфт.
Ҷуфткунии бандерагиҳо-ғарбгароҳо бо авлодони қурбониёни онҳо – ғояи душвору мураккаб аст. Минтақаи нави ноамну пурҷинояти лаҳистонӣ - украинӣ барои Ҷаҳони куҳан он қадар дарди сар эҷод мекунад, ки Аврупоро маҷоли бо ИМА рақобат кардан намемонад.
Лентаи хабарҳо
0