Деҳқонони Хатлон 400 тонна пиёзро вориди бозор карданд: нарх арзон мешавад?

© Sputnik / Амир ИсаевТорговля на рынке Истарвашана
Торговля на рынке Истарвашана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2023
Обуна шудан
Ҳосили пиёз дар вилоят хуб арзёбӣ шуда, тибқи гузоришҳо деҳқонон аз ҳар гектар замини кишт 400-450 сентнер ҳосил ба даст меоваранд
ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Ба бозорҳои ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон аввалин ҳосили пиёзи барвақтӣ расид.
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти вилояти Хатлон хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки кишоварзони ноҳия 400 тонна ин навъи сабзавотро аллакай ҷамъоварӣ карданд.
Ҳамин тариқ, тайи 10 рӯз аст, ки деҳқонон ҷамъоварии ҳосили аввалро идома медиҳанд. Аз ин лиҳоз, қимати пиёз дар бозори ноҳия поин рафта, ҳоло дар ҳудуди 3 - 3,5 сомонӣ барои як кило қарор дорад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ҳукумати вилоят, кишоварзони ноҳия дар соли 2023 дар майдони 3,4 ҳазор гектар пиёзи барвактии навъи “Тунис” кишт карда, зиёда аз 20 гектарро ҷамъоварӣ намуданд.
Репчатый лук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.01.2023
Омодаанд 15 млн доллар пешпардохт кунанд: созиши Давлаталӣ Саид бо сафири қазоқ
Онҳо таъкид карданд, ки ҳосили пиёз дар саҳро хуб аст: деҳқонон аз ҳар гектар 400—450 сентнерӣ ҳосил мегиранд.
Мақомоти вилоят ба хотири ба эътидол овардани нарх дар бозорҳои вилоят ҷамъоварии пиёзи барвақтиро роҳандозӣ кардаанд.
Маврид ба зикр аст, ки минтақа дар ҷумҳурӣ аз ҳама бештар пиёз истеҳсол мекунад, ки бахши аъзами содироти ин маҳсулот ба хориҷ низ ба он рост меояд.
Қаблан барои хариди пиёзи барвақтӣ соҳибкорони қазоқ таваҷҷуҳ карда, ҳатто гуфтанд, ки омодаанд 15 млн доллар пешпардохт намоянд ва дар ҳолати фаъолияти устувор ин маблағ метавонад то 45-50 млн доллар афзоиш ёбад.
Дар Суғд кишти пиёзро зиёд мекунанд: нархи маҳсулот арзон мешавад?
Ба иттилои мақомоти Хатлон, вилоят дар як сол то 500 ҳазор тонна пиёз истеҳсол мекунад, дар ҳоле ки талаботи бозори истеъмолии давлати Қазоқистон ба ҳисоби миёна дар як моҳ аз 35 то 150 000 тонна пиёзро дар бар мегирад.
Тибқи маълумоти нашршудаи оморӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон то 1 марти соли 2023 ба 658,6 миллион сомонӣ расидааст, ки чунин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 8,2% зиёд мебошад.
Лентаи хабарҳо
0