https://sputnik.tj/20230223/sughd-kisht-piyoz-ziyod-narkh-arzon-meshavad-1055136202.html
Дар Суғд кишти пиёзро зиёд мекунанд: нархи маҳсулот арзон мешавад?
Дар Суғд кишти пиёзро зиёд мекунанд: нархи маҳсулот арзон мешавад?
Sputnik Тоҷикистон
Болоравии нархи пиёз дар бозорҳо, масъулини соҳаи кишоварзиро водор намудааст, ки майдони кишти ин навъ зироатро бештар кунанд
2023-02-23T16:15+0500
2023-02-23T16:15+0500
2023-02-23T17:48+0500
дар тоҷикистон
суғд
истеҳсолот
кишоварзӣ
иҷтимоъ
пиёз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045990714_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_dfed78ee64d167c685de597332d78a9b.jpg
ДУШАНБЕ, 23 фев – Sputnik. Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дурнамои кишти пиёзро шарҳ дод. Ӯ, гуфт, соли ҷорӣ майдони кишти ин навъ зироат дар шимоли Тоҷикистон наздик ба ҳазор гектар бештар ба нақша гирифта шудааст. Соли гузашта дар шаҳру навоҳии Суғд 3443 га пиёз кишт шуд, ки аз ин ҳисоб 157 ҳазор тон ё 405 сентнерӣ ҳосил ба даст омад. Ба ҳисоби кишоварзон ин нишондиҳандаи хуб арзёбӣ мешавад, аммо чанд моҳи охир нархи пиёз дар бозорҳои Суғд ба таври бесобиқа баланд шуда, беш аз 10 сомонӣ дакка зад. Дар ҳоле, ки дар оғози мавсими ҷамъоварии ҳосил нархи он 3-5 сомонӣ буд.Талабот ба пиёзи суғдӣ дар бозорҳои кишвар зиёд шудДар Идораи кишоварзии Суғд гуфтанд, ки чанд омил боиси болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо гардидааст. Барои мисол яке аз ин омилҳо зиёд шудани талаботи бозорҳои кишвар ба маҳсули дастранҷи кишоварзони суғдӣ будааст, ки соли қаблӣ даҳҳо тон пиёз аз Суғд ба шаҳри Душанбе ва навоҳии Хатлон интиқол шудааст. Дар ҳоли афзоиши талабот, арзиши маҳсулот ба таври табиӣ баланд мегардад. Ба ин ҳол Абдуазиз Маҳмудзода, болоравии нархи пиёзро муваққатӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ки кадом вақт он дубора поён хоҳад шуд. "Даҳаи сеюми моҳи апрел пиёзи нав аз ҷануби кишвар ворид хоҳад шуд. Дар ҳоли воридшавии бори бештар ба бозорҳо нархи маҳсулот ба таври табиӣ поён меравад", - таъкид намуд муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд.Дар ҳамин ҳол, деҳқонҳои пиёзпарвар дар бораи гароншавии нуриҳои минералӣ изҳор мекунанд. Аз нуриҳои минералӣ то порӯи чорвоНазир Туйчиев, сардори хоҷагии кишоварзии “Баҳром” дар ноҳияи Зафаробод мегӯяд, соли гузашта нархи ҳама намуди нуриҳои минералӣ дар нуқтаҳои фурӯш дар вилояти Суғд беш аз 55% боло рафт ва ин омил аксари деҳқонҳоро бимзада кард. "Барои мисол нархи як халтаи 50 килоии селитра 400 сомонӣ, "амофоска" 405 сомонӣ, "мочевина" (корбомид) то ба 415 сомонӣ баробар шуд, ки ҳамаи ин ба ҷайби кишоварзон зарба зад”, - гуфт, ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон. Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, соли гузашта ҳатто як мошин (Газел) порӯи чорво ҳам дар бозорҳо то ба 1200 сомонӣ баланд шуд. Чизе, ки солҳои қаблӣ бо 1000 сомонӣ харидан имкон дошт.Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд гуфт, ҳоло масоҳати заминҳои обии ҳудуди вилоят 160 ҳазор гектор ҳисоб карда мешавад. "Ба ҳисоби миёна агар ба ҳар як га замини обӣ 500-килои ҳисоб шавад, ба 80 ҳазор тонна дору баробар аст. Вобаста ба навъи зироат талабот ба моддаҳои кимиёии тағзияи зироат муайян карда мешавад. Барои мисол, ба полезиҳо 300 кило, ба як га замини пахта 500 кило, ба замини шолӣ 700 кило, ба майдони пиёз як тонна рост меояд”, - таъкид намуд Маҳмудзода. Кишти пиёз умдатан дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Деваштич, Зафаробод ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба роҳ монда мешавад. Сеяки майдони кишт, пиёзи барвақтӣ ҳисоб шуда, асосан барои содирот пешбинӣ мешавад. Бино ба гуфти масъулин, зимнан дар амборҳои хоҷагиҳои кишоварзии Суғд беш аз 15 ҳазор тон захираи пиёз мавҷуд аст ва ин миқдор мол то замони ворид шудани ҳосили нав, талаботи хариддорони пиёз дар бозорҳо ҳудуди ин вилоятро бароварда хоҳад намуд.
https://sputnik.tj/20230131/narkhi-piyoz--tojikiston-garon-shud-video-1054609187.html
https://sputnik.tj/20221201/qirghiziston-sodiroti-nuriho-minerali-tojikiston-man-1053195135.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045990714_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e710d93f83801bc70d8abbbf84432e28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суғд пиёз кишт
Дар Суғд кишти пиёзро зиёд мекунанд: нархи маҳсулот арзон мешавад?
16:15 23.02.2023 (Навсозишуда: 17:48 23.02.2023) Эксклюзив
Болоравии нархи пиёз дар бозорҳо, масъулини соҳаи кишоварзиро водор намудааст, ки майдони кишти ин навъ зироатро бештар кунанд
ДУШАНБЕ, 23 фев – Sputnik. Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд дурнамои кишти пиёзро шарҳ дод.
Ӯ, гуфт, соли ҷорӣ майдони кишти ин навъ зироат дар шимоли Тоҷикистон наздик ба ҳазор гектар бештар ба нақша гирифта шудааст.
"Имсол дар ҳоҷагиҳои кишоварзӣ дар майдони 4171 га кишти пиёз гузаронида хоҳад шуд. Ин рақам аз нақшаи соли қаблӣ 730 га зиёд мебошад”, - гуфт Маҳмудзода.
Соли гузашта дар шаҳру навоҳии Суғд 3443 га пиёз кишт шуд, ки аз ин ҳисоб 157 ҳазор тон ё 405 сентнерӣ ҳосил ба даст омад. Ба ҳисоби кишоварзон ин нишондиҳандаи хуб арзёбӣ мешавад, аммо чанд моҳи охир нархи пиёз дар бозорҳои Суғд ба таври бесобиқа баланд шуда, беш аз 10 сомонӣ дакка зад. Дар ҳоле, ки дар оғози мавсими ҷамъоварии ҳосил нархи он 3-5 сомонӣ буд.
Талабот ба пиёзи суғдӣ дар бозорҳои кишвар зиёд шуд
Дар Идораи кишоварзии Суғд гуфтанд, ки чанд омил боиси болоравии нархи маҳсулот дар бозорҳо гардидааст. Барои мисол яке аз ин омилҳо зиёд шудани талаботи бозорҳои кишвар ба маҳсули дастранҷи кишоварзони суғдӣ будааст, ки соли қаблӣ даҳҳо тон пиёз аз Суғд ба шаҳри Душанбе ва навоҳии Хатлон интиқол шудааст.
Дар ҳоли афзоиши талабот, арзиши маҳсулот ба таври табиӣ баланд мегардад. Ба ин ҳол Абдуазиз Маҳмудзода, болоравии нархи пиёзро муваққатӣ арзёбӣ кард ва гуфт, ки кадом вақт он дубора поён хоҳад шуд.
"Даҳаи сеюми моҳи апрел пиёзи нав аз ҷануби кишвар ворид хоҳад шуд. Дар ҳоли воридшавии бори бештар ба бозорҳо нархи маҳсулот ба таври табиӣ поён меравад", - таъкид намуд муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд.
Дар ҳамин ҳол, деҳқонҳои пиёзпарвар дар бораи гароншавии нуриҳои минералӣ изҳор мекунанд.
Аз нуриҳои минералӣ то порӯи чорво
Назир Туйчиев, сардори хоҷагии кишоварзии “Баҳром” дар ноҳияи Зафаробод мегӯяд, соли гузашта нархи ҳама намуди нуриҳои минералӣ дар нуқтаҳои фурӯш дар вилояти Суғд беш аз 55% боло рафт ва ин омил аксари деҳқонҳоро бимзада кард.
"Барои мисол нархи як халтаи 50 килоии селитра 400 сомонӣ, "амофоска" 405 сомонӣ, "мочевина" (корбомид) то ба 415 сомонӣ баробар шуд, ки ҳамаи ин ба ҷайби кишоварзон зарба зад”, - гуфт, ҳамсуҳбати Sputnik Тоҷикистон.
Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, соли гузашта ҳатто як мошин (Газел) порӯи чорво ҳам дар бозорҳо то ба 1200 сомонӣ баланд шуд. Чизе, ки солҳои қаблӣ бо 1000 сомонӣ харидан имкон дошт.
Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори Сарраёсати кишоварзии Суғд гуфт, ҳоло масоҳати заминҳои обии ҳудуди вилоят 160 ҳазор гектор ҳисоб карда мешавад.
"Ба ҳисоби миёна агар ба ҳар як га замини обӣ 500-килои ҳисоб шавад, ба 80 ҳазор тонна дору баробар аст. Вобаста ба навъи зироат талабот ба моддаҳои кимиёии тағзияи зироат муайян карда мешавад. Барои мисол, ба полезиҳо 300 кило, ба як га замини пахта 500 кило, ба замини шолӣ 700 кило, ба майдони пиёз як тонна рост меояд”, - таъкид намуд Маҳмудзода.
Кишти пиёз умдатан дар шаҳру навоҳии Истаравшан, Деваштич, Зафаробод ва ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба роҳ монда мешавад. Сеяки майдони кишт, пиёзи барвақтӣ ҳисоб шуда, асосан барои содирот пешбинӣ мешавад.
Бино ба гуфти масъулин, зимнан дар амборҳои хоҷагиҳои кишоварзии Суғд беш аз 15 ҳазор тон захираи пиёз мавҷуд аст ва ин миқдор мол то замони ворид шудани ҳосили нав, талаботи хариддорони пиёз дар бозорҳо ҳудуди ин вилоятро бароварда хоҳад намуд.