https://sputnik.tj/20230120/peshpardokht-sozishi-davlatali-said-safiri-qazoq-1054359988.html
Омодаанд 15 млн доллар пешпардохт кунанд: созиши Давлаталӣ Саид бо сафири қазоқ
Омодаанд 15 млн доллар пешпардохт кунанд: созиши Давлаталӣ Саид бо сафири қазоқ
Sputnik Тоҷикистон
Раиси навтаъйини Хатлон азм дорад, бо ҳамкориҳо дар бахши кишоварзиро бо Қазоқистон, аз ҷумла дар бахши фурӯши маҳсулоти вилоят тақвият бахшад
2023-01-20T11:59+0500
2023-01-20T11:59+0500
2023-01-20T16:39+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
савдо
хатлон
қазоқистон
давлаталӣ саид
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045990714_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_dfed78ee64d167c685de597332d78a9b.jpg
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Туреханов густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард. Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, сафири Қазоқистон дар мулоқот зикр кард, ки нақша доранд ҳамкориҳои дарозмуддати дуҷонибаро дар соҳаи кишоварзӣ тақвият бахшанд. Ӯ аз ҷумла афзоиши содироти маҳсулот, хусусан пиёзу сабзӣ ва карамро таъкид доштааст. Ба иттилои сафир, соҳибкорони Қазоқистон омодаанд 15 млн доллар пешпардохт намоянд ва дар ҳолати фаъолияти устувор ин маблағ метавонад то 45-50 млн доллар афзоиш ёбад."Соҳибкорон аз Қазоқистон барои харидории ангури тоҷикӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд ва интизор меравад, ки ҳамкориҳо дар ин ҷода густариш ёбад", - омадааст дар иттилоия. Ба иттилои мақомоти Хатлон, вилоят дар як сол то 500 ҳазор тонна пиёз истеҳсол мекунад, дар ҳоле ки талаботи бозори истеъмолии давлати Қазоқистон ба ҳисоби миёна дар як моҳ аз 35 то 150 000 тонна пиёзро дар бар мегирад.Раиси вилоят дар робита ба зиёд будани талабот ба ин навъи маҳсулот муовини якум ва мутахассисони соҳаи кишоварзиро муаззаф намуданд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо майдони кишти пиёзро васеъ ва ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд.
https://sputnik.tj/20230116/noibi-sarvazir-hamrohi-olim-sarmo-1054240265.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/02/11/1045990714_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_e710d93f83801bc70d8abbbf84432e28.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
созиш, раис, хатлон, сафир, қазоқ, пиёз
созиш, раис, хатлон, сафир, қазоқ, пиёз
Омодаанд 15 млн доллар пешпардохт кунанд: созиши Давлаталӣ Саид бо сафири қазоқ
11:59 20.01.2023 (Навсозишуда: 16:39 20.01.2023) Раиси навтаъйини Хатлон азм дорад, бо ҳамкориҳо дар бахши кишоварзиро бо Қазоқистон, аз ҷумла дар бахши фурӯши маҳсулоти вилоят тақвият бахшад
ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид бо сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихон Туреханов густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, сафири Қазоқистон дар мулоқот зикр кард, ки нақша доранд ҳамкориҳои дарозмуддати дуҷонибаро дар соҳаи кишоварзӣ тақвият бахшанд.
Ӯ аз ҷумла афзоиши содироти маҳсулот, хусусан пиёзу сабзӣ ва карамро таъкид доштааст.
Ба иттилои сафир, соҳибкорони Қазоқистон омодаанд 15 млн доллар пешпардохт намоянд ва дар ҳолати фаъолияти устувор ин маблағ метавонад то 45-50 млн доллар афзоиш ёбад.
"Соҳибкорон аз Қазоқистон барои харидории ангури тоҷикӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунанд ва интизор меравад, ки ҳамкориҳо дар ин ҷода густариш ёбад", - омадааст дар иттилоия.
Ба иттилои мақомоти Хатлон, вилоят дар як сол то 500 ҳазор тонна пиёз истеҳсол мекунад, дар ҳоле ки талаботи бозори истеъмолии давлати Қазоқистон ба ҳисоби миёна дар як моҳ аз 35 то 150 000 тонна пиёзро дар бар мегирад.
Раиси вилоят дар робита ба зиёд будани талабот ба ин навъи маҳсулот муовини якум ва мутахассисони соҳаи кишоварзиро муаззаф намуданд, ки бо истифода аз тамоми имкониятҳо майдони кишти пиёзро васеъ ва ҳаҷми истеҳсолотро афзун намоянд.