Дар деҳаи Чорбоғи Панҷакент сокинон бо ҳашар барои худ беморхона месозанд

© Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри ПанҷакентДАР ЧОРБОҒ БО ҲАШАР БЕМОРХОНА МЕСОЗАНД
ДАР ЧОРБОҒ БО ҲАШАР БЕМОРХОНА МЕСОЗАНД - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.04.2023
Обуна шудан
Бо саҳмгузории сокинон ҳоло бунёди бинои нави беморхонаи минтақавӣ дар деҳаи Чорбоғ идома дорад ва ба сохтмони он беш аз 150 нафар сокинони деҳа ҷалб шудааст
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Дар деҳаи Чорбоғи Ҷамоати деҳоти Косатарош бо саҳмгузории сокинон ҳоло бунёди бинои нави беморхонаи минтақавӣ дар деҳа идома дорад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти мақомоти шаҳри Панҷакент.
Ба иттилои манбаъ, ахиран раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода ва мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Равшан Раҳимзода аз рафти сохтмони бинои беморхона дидан намуданд ва бо ҳашарчиён сӯҳбат карданд.
Дар ҳашари бунёди ин бинои дуқабата беш аз 150 нафар сокинони деҳа иштирок доранд.
Таъкид шудааст, ки бо саҳмгузории сокинон масолеҳи сохтмон, аз қабили хишт, хишти сементӣ, арматура, семент, қум захира шудааст ва ҳоло ҳар рӯз даҳҳо нафар дар деворбардории қабати якуми бино иштирок менамоянд.
Строительство Деревни Фестиваля молодежи и студентов - 2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2023
Дар ВМКБ дар се соли оянда коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешавад
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки рафти сохтмон ва сифати корҳои бинокорӣ аз ҷониби шуъбаҳои марбутаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр назорат карда мешавад.
Раиси шаҳри Панҷакент барои ин иқдоми наҷиб изҳори сипос кард.
Лентаи хабарҳо
0