Дар ВМКБ дар се соли оянда коргоҳу корхонаи саноатӣ бунёд мешавад

© Sputnik / Павел Лисицын / Гузариш ба медиабонкСтроительство Деревни Фестиваля молодежи и студентов - 2023 в Екатеринбурге
Строительство Деревни Фестиваля молодежи и студентов - 2023 в Екатеринбурге - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.03.2023
Обуна шудан
Мақомоти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони иншоот, ккоргоҳу корхонаҳои нави саноати ба беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ нигаронда шудаанд
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди беш аз ҳазор иншоот бо арзиши зиёда аз 1 миллиард сомонӣ бунёд мешаванд, иттилоъ додааст мақомоти ВМКБ.
Тибқи иттилои манбаъ ҳамчунин дар қаламрави ин минтақа сохтмони зиёда аз 100 коргоҳу корхонаи саноатӣ ба хотири беҳбуди сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ дар назар аст.
“Тибқи нақшаи Ҳукумати мамлакат, дар доираи таҷлили сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди беш аз 1000 иншоот бо арзиши зиёда аз 1 миллиард сомонӣ ва зиёда аз 100 коргоҳу корхонаи саноатӣ дар назар аст”, - иттилоъ додааст манбаъ.
Алишер Мирзонабот ба ҳайси узви нави Маҷлиси миллии Тоҷикистон савганд ёд кард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.02.2023
Мирзонабот аз сармоягузории миллиардӣ ба иқтисоди ВМКБ хабар дод
Ба иттилои мақомот аз ҷумла, дар шаҳри Хоруғ бунёди беш аз 230 иншоот, ноҳияи Дарвоз – 103, Ванҷ – 101, ноҳияи Рӯшон – 150 бинои замонавӣ, Шуғнон – 312 иншоот, Роштқалъа – 205, ноҳияи Ишкошим – 104 иншооти нав ва ноҳияи Мурғоб – 83 иншоот бунёд мешаванд, ки василаи хубе барои рушди инфрасохтори вилоят, шуғли доимии аҳолӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дар маҷмуъ, беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии мардум мебошанд.
Ҳамзамон манбаъ илова кардааст, ки танҳо дар ду соли охир бо маблағгузории Ҳукумати кишвар дар ҳудуди ВМКБ 200 иншооти таъиноти гуногун сохта, ба истифода дода шуд ва имрӯзҳо дар вилоят корҳои ободониву созандагӣ вусъати тозаро касб кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0