https://sputnik.tj/20230412/davati-chin-kumak-afghoniston-bozsozi-rushd-1056413542.html
Даъвати вазорати хориҷаи Чин аз ҷаҳон барои кумак ба Афғонистон барои бозсозӣ ва рушд
Даъвати вазорати хориҷаи Чин аз ҷаҳон барои кумак ба Афғонистон барои бозсозӣ ва рушд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати хориҷаи Чин гуфтааст, Пекин аз сарнавишти паноҳандагон нигарон аст ва аз Кобул тавассути каналҳои дуҷониба ва бисёрҷониба пуштибонӣ хоҳад кард
2023-04-12T19:50+0500
2023-04-12T19:50+0500
2023-04-12T19:50+0500
чин
осиёи марказӣ
афғонистон
кӯмак
бозсозӣ
даъват
рушд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/13/1055043774_0:322:3068:2048_1920x0_80_0_0_a8e2a2b7b4478b87439adea1f4868965.jpg
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Мақомоти Чин нияти кумак ба Афғонистонро дар бозсозӣ ва рушди устувори ин кишвар изҳор дошт.Дар ин бора дар санади нашршудаи Вазорати умури хориҷии Чин гуфта мешавад.Мавқеи расмии ин кишвар дар остонаи конфронси 4-уми вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки 13 апрел дар Самарқанд баргузор мешавад, эълом шуд.Тибқи санади мазкур Чин ҳамкориҳояшро бо давлат дар самтҳои зерин идома медиҳад:Қайд карда мешавад, ки Пекин омода аст ба Кобул барои ҳарчи зудтар расидан ба рушди мустақил ва устувор кумак кунад.Илова бар ин, зикр гардид, ки кишвар аз сарнавишти паноҳандагон нигарон аст ва дастгирии худро тавассути шабакаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба идома медиҳад."Чин аз кишварҳои ҷаҳон<...> даъват мекунад, ки ба Афғонистон дар мусоидат ба эҳёи иқтисод ва фароҳам овардани шароит барои ҳалли мушкилот кумак кунад", - таъкид намудааст ВУХ-и Чин.Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи августи соли 2021 Толибҳо ҳамлаҳои худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Кобул афзоиш доданд ва рӯзи 15 август вориди пойтахт шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг дар кишвар тамом шуд.Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ кишварро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 солаи худ дар Афғонистон хотима доданд.Дар авоили моҳи сентябри ҳамон сол ҳайати ҳукумати муваққат бо раҳбарии Муҳаммадҳасан Охунд эълон шуд.
https://sputnik.tj/20230410/senatori-ima-siyosat-11-sentyabr-digar-intizor-1056335441.html
чин
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/02/13/1055043774_288:0:3019:2048_1920x0_80_0_0_666a66b33bdde46201397c2512d67fe2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, осиёи марказӣ, чин, ҳамкорӣ, кумак, рушд, бозсозӣ, даъват
афғонистон, осиёи марказӣ, чин, ҳамкорӣ, кумак, рушд, бозсозӣ, даъват
Даъвати вазорати хориҷаи Чин аз ҷаҳон барои кумак ба Афғонистон барои бозсозӣ ва рушд
Вазорати хориҷаи Чин гуфтааст, Пекин аз сарнавишти паноҳандагон нигарон аст ва аз Кобул тавассути каналҳои дуҷониба ва бисёрҷониба пуштибонӣ хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Мақомоти Чин нияти кумак ба Афғонистонро дар бозсозӣ ва рушди устувори ин кишвар изҳор дошт.
Дар ин бора дар санади нашршудаи Вазорати умури хориҷии Чин гуфта мешавад.
Мавқеи расмии ин кишвар дар остонаи конфронси 4-уми вазирони хориҷаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон, ки 13 апрел дар Самарқанд баргузор мешавад, эълом шуд.
Тибқи санади мазкур Чин ҳамкориҳояшро бо давлат дар самтҳои зерин идома медиҳад:
Ҳамкорӣ дар бахши сармоягузорӣ;
пешгирӣ кардани офати табиӣ ва бартараф намудани оқибатҳои онҳо.
Қайд карда мешавад, ки Пекин омода аст ба Кобул барои ҳарчи зудтар расидан ба рушди мустақил ва устувор кумак кунад.
"Чин аз ширкати Афғонистон дар сохтмони муштараки лоиҳаҳои дар заминаи “як камарбанд, як роҳ” истиқбол мекунад ва инчунин аз ҳамгироӣ ба ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ пуштибонӣ мекунад", - афзуд вазорати хориҷаи Чин.
Илова бар ин, зикр гардид, ки кишвар аз сарнавишти паноҳандагон нигарон аст ва дастгирии худро тавассути шабакаҳои дуҷониба ва бисёрҷониба идома медиҳад.
"Чин аз кишварҳои ҷаҳон<...> даъват мекунад, ки ба Афғонистон дар мусоидат ба эҳёи иқтисод ва фароҳам овардани шароит барои ҳалли мушкилот кумак кунад", - таъкид намудааст ВУХ-и Чин.
Ёдовар мешавем, ки дар авоили моҳи августи соли 2021 Толибҳо ҳамлаҳои худро алайҳи нерӯҳои ҳукуматӣ дар Кобул афзоиш доданд ва рӯзи 15 август вориди пойтахт шуданд ва рӯзи дигар эълом карданд, ки ҷанг дар кишвар тамом шуд.
Шаби 31 август низомиёни амрикоӣ кишварро тарк карда, ба ҳузури тақрибан 20 солаи худ дар Афғонистон хотима доданд.
Дар авоили моҳи сентябри ҳамон сол ҳайати ҳукумати муваққат бо раҳбарии Муҳаммадҳасан Охунд эълон шуд.