https://sputnik.tj/20230410/senatori-ima-siyosat-11-sentyabr-digar-intizor-1056335441.html
Идомаи достони суқути Афғонистон: ИМА-ро 11 сентябри дигар интизор аст?
Идомаи достони суқути Афғонистон: ИМА-ро 11 сентябри дигар интизор аст?
Sputnik Тоҷикистон
Дар робита ба интишори гузориши Кохи Сафед дар бораи хуруҷи саросемаи нирӯҳои ин кишвар аз Афғонистон, сенатори мегӯяд, он "сафедкунии сиёсӣ" аст
2023-04-10T09:40+0500
2023-04-10T09:40+0500
2023-04-10T00:01+0500
има
сиёсат
дар ҷаҳон
афғонистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103154/50/1031545044_0:0:1500:844_1920x0_80_0_0_1a2083c4c8c9e6358e28ac3165aa6f5a.jpg
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Хуруҷи саросемаи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон роҳро барои рӯзи 11 сентябри дигар ҳамвор кардааст. Дар ин бора сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико Линдси Грэм дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Fox News ҳушдор додааст.Оқои Грэм мақомҳои амрикоиро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам карда ва таъкид кардааст, ки агар давлати Байден гӯяд, ки дар Афғонистон "террористҳо" дигар нестанд, ин "дурӯғ" мегӯяд. Вай ҳамчунин қайд кард, ки агар Амрико сиёсатҳояшро тағир надиҳад, барои фарорасии 11 сентябри дигар рух диҳад. "Гузориши тозанашри хуруҷи нерӯҳои аз Афғонистон аз ҷониби маъмурияти Байден як сафедкунии сиёсӣ аст, ки дар мавриди хуруҷи бесарусомонӣ ва баҳсбарангез аз ин кишвар дар ҷои дигар муттаҳам мешавад",- афзуд сенатори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ.Ин интиқод дар ҳолест, ки Кохи Сафед ахиран бо нашри хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон эълон кард, ки маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар, "гунаҳкори аслии" хуруҷи бесарусомонии Амрико аз Афғонистон аст.Аммо Трамп дар посух гузориши Кохи сафедро як дурӯғе хонду афзуд, ки ӯ ҳам монанди соирин шоҳиди ин фоҷеъа буд.“Дидам, ки ибтидои артишро хориҷ карданд, таҷҳизоти Низомӣ ба арзиши 85 миллиард долларро доданд. Иҷоза доданд сарбозони мо кушта шаванд ва Амрикоиҳоро ҷо гузоштанд. Байден масъул аст, на ҳеҷ каси дигаре!”,- гуфт Трамп.
https://sputnik.tj/20230408/vokunishi-tramp-guzorish-kokhi-safed-amriko-afghoniston-1056304105.html
има
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103154/50/1031545044_321:0:1446:844_1920x0_80_0_0_9bac551f8b318815f2c9dc54e55f4706.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сенатор амрикоӣ има сиёсат сентябр
сенатор амрикоӣ има сиёсат сентябр
Идомаи достони суқути Афғонистон: ИМА-ро 11 сентябри дигар интизор аст?
Дар робита ба интишори гузориши Кохи Сафед дар бораи хуруҷи саросемаи нирӯҳои ин кишвар аз Афғонистон, сенатори мегӯяд, он "сафедкунии сиёсӣ" аст
ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Хуруҷи саросемаи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон роҳро барои рӯзи 11 сентябри дигар ҳамвор кардааст.
Дар ин бора сенатори ҷумҳурихоҳи Амрико Линдси Грэм дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии Fox News ҳушдор додааст.
Оқои Грэм мақомҳои амрикоиро ба дурӯғгӯӣ муттаҳам карда ва таъкид кардааст, ки агар давлати Байден гӯяд, ки дар Афғонистон "террористҳо" дигар нестанд, ин "дурӯғ" мегӯяд.
Вай ҳамчунин қайд кард, ки агар Амрико сиёсатҳояшро тағир надиҳад, барои фарорасии 11 сентябри дигар рух диҳад.
"Гузориши тозанашри хуруҷи нерӯҳои аз Афғонистон аз ҷониби маъмурияти Байден як сафедкунии сиёсӣ аст, ки дар мавриди хуруҷи бесарусомонӣ ва баҳсбарангез аз ин кишвар дар ҷои дигар муттаҳам мешавад",- афзуд сенатори ҷумҳурихоҳи амрикоӣ.
Ин интиқод дар ҳолест, ки Кохи Сафед ахиран бо нашри хуруҷи нирӯҳо аз Афғонистон эълон кард, ки маъмурияти Доналд Трамп, раиси ҷумҳури пешини ин кишвар, "гунаҳкори аслии" хуруҷи бесарусомонии Амрико аз Афғонистон аст.
Аммо Трамп дар посух гузориши Кохи сафедро як дурӯғе хонду афзуд, ки ӯ ҳам монанди соирин шоҳиди ин фоҷеъа буд.
“Дидам, ки ибтидои артишро хориҷ карданд, таҷҳизоти Низомӣ ба арзиши 85 миллиард долларро доданд. Иҷоза доданд сарбозони мо кушта шаванд ва Амрикоиҳоро ҷо гузоштанд. Байден масъул аст, на ҳеҷ каси дигаре!”,- гуфт Трамп.