https://sputnik.tj/20230411/qazoqiston-sodirot-gandum-avtomobilro-man-1056364607.html
Қазоқистон содироти гандум аз тариқи автомобилро манъ кард
Қазоқистон содироти гандум аз тариқи автомобилро манъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ғаллаи қочоқӣ сабаб гардидааст, ки ба буҷаи Қазоқистон то ним миллиард доллар кам маблағ ворид шавад ва чунин иқдом барои пешгирӣ аз он ҷорӣ шудааст
2023-04-11T11:38+0500
2023-04-11T11:38+0500
2023-04-11T11:38+0500
қазоқистон
содирот
гандум
роҳ
мошин
манъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1a/1055759722_0:165:3054:1883_1920x0_80_0_0_4aa0b27ba9651b4650b1670fa23815d6.jpg
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Мақомоти Қазоқистон содироти гандум аз қаламраваш тавассути роҳи автомобилгард ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭО) ва берун аз онмамнӯъ эълон кардаанд.Ҳамакнун аз ин тариқ содироти ғалла барои шаш моҳ аз ин кишвар номумкин шуд, хабар медиҳад РИА "Новости".Қарори дахлдор дар ин бора аз ҷониби вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Ербол Карашукеев ба имзо расидааст. Дар санад гуфта мешавад, ки “ба муддати шаш моҳ содироти гандум аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон тавассути роҳи автомобилгард ба кишварҳои сеюм ва аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё манъ карда шавад". Ин мамнӯъият тибқи санад аз 10 апрел эътибор пайдо кард. Тавре дар вазорат шарҳ доданд, чунин тасмим дар доираи мубориза бо қочоқи ғалла гирифта шудИн ниҳод афзудааст, вазъи кунунии бозори Қазоқистон, ки чанд сол аст, бар асари содироти ғайриқонунии гандум ранҷ мекашад, мақомотро водор кард, то чунин иқдом кунанд. Ба гуфтаи вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми содироти қочоқӣ дар як сол ба 1,5-2 миллион тонна мерасад ва хисороти умумӣ ба давлат 500 миллион доллар арзёбӣ мешавад.Қайд мешавад, ки бахши аъзами ғаллаи қочоқӣ аз тариқи роҳи мошингард содир мешавад. Пас аз он гандум ҳамчун барои хоҷагиҳои деҳқонӣ сабт шуда, бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда, тариқи транзит ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар шакли реэкспорти пинҳонӣ фиристода мешавад.Қазоқистон аз истеҳсолкунандагони бузурги гандум дар ҷаҳон буда, тибқи оморҳои роасмӣ соли 2022 беш аз 22 млн тонна ғалла ба даст овардааст, ки болотарин нишондиҳанда тайи 10 соли ахир аст. Аз ҷумла ҷамъоварии умумии гандум 38,9% афзуда, 16,4 миллион тоннаро ташкил дод.Тибқи додаҳои расмӣ, Қазоқистон тайи як соли ахир 13,2 миллион тонна ғалла ва орд содир кардааст, ки болотарин нишондиҳанда дар таърихи ин кишвар аст.
https://sputnik.tj/20230310/qazoqiston-mushakhkhas-tojikiston-gandum-sodir-1055408554.html
https://sputnik.tj/20230409/qazoqiston-man-sodirot-piyoz-laghv-1056331187.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/1a/1055759722_163:0:2892:2047_1920x0_80_0_0_8b881acacbf4fb9105e8bfd71c9acb90.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон содирот гандум автомобил манъ
қазоқистон содирот гандум автомобил манъ
Қазоқистон содироти гандум аз тариқи автомобилро манъ кард
Ғаллаи қочоқӣ сабаб гардидааст, ки ба буҷаи Қазоқистон то ним миллиард доллар кам маблағ ворид шавад ва чунин иқдом барои пешгирӣ аз он ҷорӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 11 апр — Sputnik. Мақомоти Қазоқистон содироти гандум аз қаламраваш тавассути роҳи автомобилгард ба кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭО) ва берун аз онмамнӯъ эълон кардаанд.
Ҳамакнун аз ин тариқ содироти ғалла барои шаш моҳ аз ин кишвар номумкин шуд, хабар медиҳад РИА "Новости".
Қарори дахлдор дар ин бора аз ҷониби вазири кишоварзии ҷумҳурӣ Ербол Карашукеев ба имзо расидааст.
Дар санад гуфта мешавад, ки “ба муддати шаш моҳ содироти гандум аз қаламрави Ҷумҳурии Қазоқистон тавассути роҳи автомобилгард ба кишварҳои сеюм ва аз кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё манъ карда шавад".
Ин мамнӯъият тибқи санад аз 10 апрел эътибор пайдо кард.
Тавре дар вазорат шарҳ доданд, чунин тасмим дар доираи мубориза бо қочоқи ғалла гирифта шуд
Ин ниҳод афзудааст, вазъи кунунии бозори Қазоқистон, ки чанд сол аст, бар асари содироти ғайриқонунии гандум ранҷ мекашад, мақомотро водор кард, то чунин иқдом кунанд.
Ба гуфтаи вазорати кишоварзӣ, ҳаҷми содироти қочоқӣ дар як сол ба 1,5-2 миллион тонна мерасад ва хисороти умумӣ ба давлат 500 миллион доллар арзёбӣ мешавад.
Қайд мешавад, ки бахши аъзами ғаллаи қочоқӣ аз тариқи роҳи мошингард содир мешавад. Пас аз он гандум ҳамчун барои хоҷагиҳои деҳқонӣ сабт шуда, бидуни пардохти андоз аз арзиши иловашуда, тариқи транзит ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон дар шакли реэкспорти пинҳонӣ фиристода мешавад.
Қазоқистон аз истеҳсолкунандагони бузурги гандум дар ҷаҳон буда, тибқи оморҳои роасмӣ соли 2022 беш аз 22 млн тонна ғалла ба даст овардааст, ки болотарин нишондиҳанда тайи 10 соли ахир аст. Аз ҷумла ҷамъоварии умумии гандум 38,9% афзуда, 16,4 миллион тоннаро ташкил дод.
Тибқи додаҳои расмӣ, Қазоқистон тайи як соли ахир 13,2 миллион тонна ғалла ва орд содир кардааст, ки болотарин нишондиҳанда дар таърихи ин кишвар аст.