Қазоқистон манъи содироти пиёзро лағв кард

© UnsplashРепчатый лук
Репчатый лук - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2023
Обуна шудан
Қазоқистон маҳдудиятҳои тиҷорӣ, ки бинобар камбуди маҳсулоти кишоварзӣ пас аз камии ҳосилот ҷорӣ карда буд, тадриҷан онро лағв мекунад
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Мақомоти Қазоқистон манъи содироти пиёзро лағв карданд, аммо дар ҳаҷми содирот маҳдудиятҳои муваққатӣ ҷорӣ намуданд.
Дар ин бора дар дафтари матбуоти Вазорати кишоварзии ин кишвар хабар доданд.
"Аз 8 то 28 апрел барои содироти пиёз аз қаламрави ҷумҳурӣ ба кишварҳои сеюм ва кишварҳои ИИАО ба андозаи 20 ҳазор тонна квота ҷорӣ карда шудааст", - афзудаанд дар вазорат.
Гуфта мешавад, ки лимити як дархостдиҳанда барои тамоми давраи амали маҳдудият на бештар аз 500 тоннаро ташкил медиҳад.
Моҳи январи соли 2023 Вазорати кишоварзии Қазоқистон содироти пиёзро ба муддати 3 моҳ мутаваққиф карда буд.
Оғози ҷамъоварии ҳосили пиёзи барвақтӣ дар ноҳияи Ҷайҳун - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2023
Оғози ҷамъоварии ҳосили пиёз дар Тоҷикистон: Нарх поин меравад?
Ин кор бо максади аз ҷумҳурӣ баровардани қисми зиёди он ва муътадил гардондани нархҳо анчом дода шуд.
Набудани ҳосил боиси камбуди маҳсулоти кишоварзӣ дар чанд кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон шуд, ки содироти пиёзу картошка ва сабзиро низ маҳдуд кард.
Сабабҳои асосии камчинӣ сардии ғайримуқаррарии зимистон ва болоравии нархи сӯзишворӣ буд.
Лентаи хабарҳо
0