https://sputnik.tj/20230409/vao-ifsho-asnod-makhfi-ukraina-vohima-pentagonro-1056332531.html
ВАО: ифшои асноди махфӣ дар бораи Украина воҳима дар Пентагонро ба вуҷуд овард
ВАО: ифшои асноди махфӣ дар бораи Украина воҳима дар Пентагонро ба вуҷуд овард
Sputnik Тоҷикистон
Тахмин меравад, ки ин ҳодиса дастрасии Киевро ба иттилооти истихборотии лозим барои анҷоми амалиёти низомӣ алайҳи Русия мушкил мекунад 09.04.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-04-09T17:28+0500
2023-04-09T17:28+0500
2023-04-09T17:28+0500
украина
има
пентагон
дар ҷаҳон
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/08/1040087415_182:0:2653:1390_1920x0_80_0_0_559020d1105292012c9fbc223c474be7.jpg
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Фош шудани асноди махфии Амрико метавонад ба равобити ИМА ва Украина зарар расонад, менависад The New York Times. Ба гуфтаи онҳо, ҳуҷҷатҳо инчунин равшан нишон медиҳанд, ки Иёлоти Муттаҳида на танҳо Русия, балки ҳампаймонҳояшро низ ҷосусӣ мекунад. Хабарнигорон ҳамчунин гуфтаанд, ки ифшои он дастрасии Киев ба иттилооти иктишофӣ барои анҷоми амалиёти ҷангиро мушкил мекунад, аз ҷумла бо сабаби он, ки Русия метавонад ҷосусони амрикоиро мушаххас кунад. Илова бар ин, ин ҳодиса эътимоди кишварҳои аврупоӣ ва Украинаро ба хадамоти кашфи Амрико коҳиш медиҳад, ки боиси коҳиши табодули иттилоъоти махфӣ мешавад. Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Пентагон ифшои умдаи матолиберо, ки вазъи низомиёни Украина ва нақшаҳои ИМА ва НАТО барои таҳкими онҳоро тавсиф мекунад, таҳқиқ мекунад. Ёдовар мешавем, раиси ҷунбиши "Мо бо Русия ҳастем"-и Запороже Владимир Рогов гуфт, ки нақшаи амалиёти эҳтимолии зиддиҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро низомиёни НАТО таҳия кардаанд. Рогов афзуд, фармондеҳии Русия аз ният ва омодагии душман огоҳ аст.
https://sputnik.tj/20230407/zaporozhe-tarrohon-naqsha-hamla-artish-ukraina-azov-1056287224.html
украина
има
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/08/1040087415_491:0:2344:1390_1920x0_80_0_0_a7c65e9877230943ac558bd17ba16b4e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
украина, има, пентагон, дар ҷаҳон, сиёсат
украина, има, пентагон, дар ҷаҳон, сиёсат
ВАО: ифшои асноди махфӣ дар бораи Украина воҳима дар Пентагонро ба вуҷуд овард
Тахмин меравад, ки ин ҳодиса дастрасии Киевро ба иттилооти истихборотии лозим барои анҷоми амалиёти низомӣ алайҳи Русия мушкил мекунад
ДУШАНБЕ, 9 апр — Sputnik. Фош шудани асноди махфии Амрико метавонад ба равобити ИМА ва Украина зарар расонад, менависад The New York Times.
"Як мақоми баландпояи хадамоти истихбороти Ғарб гуфт, ки нашри мавод дардовар буд ва тахмин кард, ки он метавонад мубодилаи иттилоъотро маҳдуд кунад", — хабар доданд шореҳони нашрия.
Ба гуфтаи онҳо, ҳуҷҷатҳо инчунин равшан нишон медиҳанд, ки Иёлоти Муттаҳида на танҳо Русия, балки ҳампаймонҳояшро низ ҷосусӣ мекунад.
Хабарнигорон ҳамчунин гуфтаанд, ки ифшои он дастрасии Киев ба иттилооти иктишофӣ барои анҷоми амалиёти ҷангиро мушкил мекунад, аз ҷумла бо сабаби он, ки Русия метавонад ҷосусони амрикоиро мушаххас кунад.
Илова бар ин, ин ҳодиса эътимоди кишварҳои аврупоӣ ва Украинаро ба хадамоти кашфи Амрико коҳиш медиҳад, ки боиси коҳиши табодули иттилоъоти махфӣ мешавад.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки Пентагон ифшои умдаи матолиберо, ки вазъи низомиёни Украина ва нақшаҳои ИМА ва НАТО барои таҳкими онҳоро тавсиф мекунад, таҳқиқ мекунад.
Ёдовар мешавем, раиси ҷунбиши "Мо бо Русия ҳастем"-и Запороже Владимир Рогов гуфт, ки нақшаи амалиёти эҳтимолии зиддиҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро низомиёни НАТО таҳия кардаанд.
Рогов афзуд, фармондеҳии Русия аз ният ва омодагии душман огоҳ аст.