https://sputnik.tj/20230406/vakil-duma-taloshho-kiev-tajovuz-qrim-posukhi-shadid-1056240729.html
Вакили Думаи давлатӣ: Талошҳои Киев барои таҷовуз ба Қрим посухи шадид хоҳанд гирифт
Вакили Думаи давлатӣ: Талошҳои Киев барои таҷовуз ба Қрим посухи шадид хоҳанд гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Қрим музокира бо ҷониби Украина дар бораи мақоми нимҷазираро ғайриимкон ва хаёлҳои низомии Киевро масхарабозие хонд, ки оқибаташ ногувор аст
2023-04-06T13:07+0500
2023-04-06T13:07+0500
2023-04-06T13:07+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
украина
русия
қрим
низоъ
амалиёти вижа
думаи кишварии русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102889/06/1028890651_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_91c4847bff17141f9ae3fda1e1cf214c.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ҳар як кӯшиши нерӯҳои Украина барои таҷовуз ба қаламрави Русия посухи шадид хоҳад гирифт. Дар ин бора Михаил Шеремет, вакили Думаи давлатии Русия аз Қрим хабар дод. Ба иттилои РИА "Новости", вай изҳороти намояндагони дафтари Зеленский дар бораи эҳтимоли тасарруфи низомии нимҷазира ва дурнамои музокирот бо ҷониби Русияро ҳамин тавр шарҳ додааст. Вай афзуд, ки агар онҳо барои ишғоли қаламравҳои Русия талош кунанд, ба нирӯҳои украинӣ зарбаи шадид хоҳанд зад. "Агар гуфтушунид имконпазир бошад, пас танҳо бо шартҳои Русия. Ин комилан озодсозии тамоми қаламрави боқимондаи Украина аз режими фашистӣ, нозизудоӣ ва таслими Зеленский аст", - хулоса кард вакил. Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Илова бар ин, вазифаҳои эълоншудаи амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина иборатанд.
https://sputnik.tj/20230405/artishi-ukraina-dar-yak-ruz-tanho-dar-yak-khati-jabha-besh-az-410-sarbozashro-az-dast-dod-1056228522.html
украина
русия
қрим
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102889/06/1028890651_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_ca07da8dbc5f2eebbab12618a3e10513.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вакил дума талошҳо киев таҷовуз қрим посух шадид
вакил дума талошҳо киев таҷовуз қрим посух шадид
Вакили Думаи давлатӣ: Талошҳои Киев барои таҷовуз ба Қрим посухи шадид хоҳанд гирифт
Намояндаи Қрим музокира бо ҷониби Украина дар бораи мақоми нимҷазираро ғайриимкон ва хаёлҳои низомии Киевро масхарабозие хонд, ки оқибаташ ногувор аст
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Ҳар як кӯшиши нерӯҳои Украина барои таҷовуз ба қаламрави Русия посухи шадид хоҳад гирифт. Дар ин бора Михаил Шеремет, вакили Думаи давлатии Русия аз Қрим хабар дод.
Ба иттилои РИА "Новости", вай изҳороти намояндагони дафтари Зеленский дар бораи эҳтимоли тасарруфи низомии нимҷазира ва дурнамои музокирот бо ҷониби Русияро ҳамин тавр шарҳ додааст.
"Боварӣ ба худ ва худписандии онҳо аҷиб аст. Онҳо бояд дар бораи ҳифзи сарҳади боқимондаи Украина фикр кунанд. Музокирот дар бораи мақоми Қрим аз имкон берун аст. Русия мардум ва қаламравашро хариду фурӯш намекунад", - таъкид кард Шеремет.
Вай афзуд, ки агар онҳо барои ишғоли қаламравҳои Русия талош кунанд, ба нирӯҳои украинӣ зарбаи шадид хоҳанд зад.
"Агар гуфтушунид имконпазир бошад, пас танҳо бо шартҳои Русия. Ин комилан озодсозии тамоми қаламрави боқимондаи Украина аз режими фашистӣ, нозизудоӣ ва таслими Зеленский аст", - хулоса кард вакил.
Ёдовар мешавем, ки 24 феврали соли 2022 Федератсияи Русия дар Украина амалиёти вижаи низомиро оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таҳқиру генотсид аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд." Илова бар ин, вазифаҳои эълоншудаи амалиёти вижаи низомӣ инчунин аз нозизудоӣ ва ғайринизомисозии Украина иборатанд.