Лавров шарти музокирот бо Украинаро гуфт

© Sputnik / Alexandr Kryazhev / Гузариш ба медиабонкФлаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры
Флаги России и Украины в зале, где пройдут переговоры - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Обуна шудан
Вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, Маскав барои поёни таниш бо Украина омодаи музокира буд ва ҳаст, аммо барои ин шарти худро дорад
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Музокирот барои ҳалли вазъ дар Украина метавонад танҳо бо назардошти манфиатҳо ва нигарониҳои қонунии Федератсияи Русия асос ёбад.
Дар ин бора Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни сафараш дар Туркия.
"Ҳам президент ва ҳам дигар намояндагони Федератсияи Русия борҳо гуфтаанд, ки мо гуфтушунидро рад намекунем. Аммо гуфтушунид метавонад танҳо бо назардошти манфиатҳои Русия, манфиатҳои қонунии Русия ва нигарониҳои қонунии Русия асос ёбад", - гуфт ӯ.
Вай ёдовар шуд, ки нигарониҳои Русияро кишварҳои ғарбӣ "мағрурона сарфи назар карда шудааст".
Ӯ ҳамзамон таъкид кард, ки Русия "солҳои зиёд дар як муколама бо ҳамкорони ғарбӣ, аз ҷумла НАТО мавқеъи худро дар ин мавзӯъ баён кардааст".
"Сухан дар бораи он бояд бошад, ки тартиботи нави ҷаҳонӣ, ки ба ҳамаи мо ба ҷои тартиботи якҷонибаи ҷаҳонӣ ва гегемон лозим аст, ба кадом принсипҳо асос меёбад",- афзуд Лавров ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи сиёсатмадор, кишварҳои ғарбӣ бояд ҳуқуқи сокинони Донбасс ва манотиқи ҳамсояро ба ба назар бигиранд то “онон ба шевае, ки аҷдодони худ зиндагӣ мекарданд” зиндагӣ кунанд.
Президент России Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин аз омодагии Маскав барои музокирот дар мавриди Украина гуфт
Ва қаблан раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко пешгӯӣ карда буд, ки Ғарб пас аз нокомии ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои мусаллаҳи Украина барои музокирот дар бораи авзоъ дар Украина омода хоҳад шуд.
Аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина, ҷонибҳо дар моҳҳои феврал ва марти соли 2022 чанд маротиба гуфтугӯ кардаанд.
Шояд дигар чунин нашавад: Лукашенко аз шонси беназири поёни низоъ дар Украина гуфт
Се мулоқоти аввалини рӯбарӯ дар Беларус ва даври чаҳоруми муколамаи Русияву Украина рӯзи 29 марти соли 2022 дар Истанбул сурат гирифт. Пас аз он, ин раванд боздошта шуд, зеро Киев аз он хориҷ шуд.
Маскав борҳо изҳор дошт, ки барои гуфтушунид омода аст. Дар ҳамин ҳол таҳлилгарон мегӯянд, то он замоне ки ИМА нахоҳад Киев сари мизи музокирот нишаста наметавонад, зеро ҳоло Амрико ба идомаи низоъ манфиатдор аст.
Лентаи хабарҳо
0