Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Шояд дигар чунин нашавад: Лукашенко аз шонси беназири поёни низоъ дар Украина гуфт

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонк Президент Беларуси Александр Лукашенко
 Президент Беларуси Александр Лукашенко  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.02.2023
Обуна шудан
Раисиҷумҳури Беларус гуфт, ки ҳоло барои хатми низоъ дар Украина вазъияти вижае вуҷуд дорад, шояд дигар чунин шонс вуҷуд надошта бошад
ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфт, ҳоло як лаҳзаи беназир барои қатъи низоъ дар Украина аст.
Вай дар ин бора дар мусоҳиба бо расонаҳои чинӣ, ки гузхинаи телевизионии он дар шабакаи телевизионии "Беларус 1" пахш шудааст, изҳор дошт.
Ба гуфтаи раҳбари Беларус, дигар чунин вазъ шояд ба миён наояд.
"Ҳоло як вазъияти нотакрор вуҷуд дорад, ман инро мебинам ва эҳсос мекунам, ки кай ба ин муноқиша хотима додан мумкин аст. Шояд дигар ба ин монанд набошад", - гуфтааст мавсуф.
Лукашенко даъват кард, ки аз ин лаҳза истифода баранд, то он даме, ки Русия иқтисоди худро ба пояи низомӣ бикашад.
Ҳадафи раисиҷумҳури Русия Владимир Путин, ба гуфтаи раҳбари Беларус, пеш аз ҳама таъмини амнияти кишвараш аст. Ин барои рафъи эҳтимоли ҳамлаи Украина зарур буд.
Вай таъкид кард, ки Маскав ҳоло ҳам омода аст бо роҳи музокирот пеш равад.
"Русия имрӯз омода аст, ки барои ҳалли мусолиматомез иқдом кунад. Аз рӯзҳои аввал ин корро мекунад: ду даври музокирот оид ба ҳалли мусолиматомез дар Беларус баргузор шуд", - ёдовар шуд Лукашенко.
Ба андешаи ӯ, кишварҳои ғарбӣ ва ИМА Киевро водор кардаанд, ки ҳеҷ гуна музокира накунад.
Вай ҳамчунин афзуд, ки дер ё зуд ҳама гуна ҷанг бо сулҳ анҷом мешавад ва ҷанги кунунӣ низ истисно нест.
"Бинобар ин, илоҷи дигаре ба ҷуз бастани шартномаи сулҳ ҳоло вуҷуд надорад. Бидуни шартҳои пешакӣ", - итминон дорад президенти Беларус.
Лентаи хабарҳо
0