https://sputnik.tj/20221225/putin-omodagi-maskav-muzokirot-ukraina-1053786543.html
Путин аз омодагии Маскав барои музокирот дар мавриди Украина гуфт
Путин аз омодагии Маскав барои музокирот дар мавриди Украина гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Русия ҳамеша саъй кардааст, ки ҳама ихтилофоти ба вуҷудомадаро тавассути музокирот ҳал кунад, аммо тарафи муқобил на ҳамеша майл ба ин дорад
2022-12-25T19:56+0500
2022-12-25T19:56+0500
2022-12-28T12:21+0500
дар русия
сиёсат
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
владимир путин
украина
музокирот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/15/1053679038_0:8:3071:1735_1920x0_80_0_0_93d89d61118712c17a0426dfec5439e4.jpg
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазъ дар Украинаро чандон хатарнок намедонад ва таъкид намуд, ки Маскав ба манфиати шаҳрвандони кишвар амал мекунад. Ин нуктаро ӯ зимни суҳбат тариқи телевизионни "Россия 1" баён дошта, таъкид намуд, ки Русия дар масири дуруст қарор дорад. Дар зимн таъкид намуд, ки Маскав омода аст, бо ҳамаи иштирокчиёни ин раванд дар бораи баъзе натиҷаҳои қобили қабул гуфтушунид кунад, ин ҷониби дигар аст, ки музокиротро рад мекунад. Ба гуфтаи Путин, Русия ҳамеша саъй кардааст, ки ҳама баҳсҳои ба миёномада бо роҳи сулҳомез, тавассути музокирот ҳал шаванд, аммо ҷониби дигар аз аввал аз роҳи низомӣ кор бурду Маскав водор шуд, барои ҳимояти мардум иқдом кунад. Вай афзуд, ҳама чиз бар асоси сиёсати мухолифони геополитикии Русия аст, ки ҳадафашон аз ҳам ҷудо кардани ФР мебошад. "Ҷудо кун ва ҳукм рон кун - онҳо ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки ин корро кунанд ва ҳоло ҳам кӯшиш мекунанд, аммо ҳадафи мо чизи дигар аст - муттаҳид кардани мардуми Русия", - гуфт президенти ФР. Президенти Русия қаблан низ мақомдорони Киев ва пуштибонони ғарбияшро даъват намуд, ки фавран оташро қатъ кунанду сари мизи музокирот баргарданд.Вай ин нуктаро зимни маросими пазируфтани 4 субъекти нав - ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск ва вилоёти Херсону Запороже ба ҳайати ФР баён дошта буд. Дар зимн изҳор дошт, Маскав омодаи музокирот аст, аммо интихоби кардаи мардум баррасӣ нахоҳад шуд, он аллакай анҷом дода шуд.
https://sputnik.tj/20221222/gharb-qasd-osiyoi-markaziro-rusiya-kanad-1053690697.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/0c/15/1053679038_198:0:2929:2048_1920x0_80_0_0_9b1506074cb1dc11cf89e239ff399c76.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
путин, музокирот, фаҳмонд, украина
путин, музокирот, фаҳмонд, украина
Путин аз омодагии Маскав барои музокирот дар мавриди Украина гуфт
19:56 25.12.2022 (Навсозишуда: 12:21 28.12.2022) Русия ҳамеша саъй кардааст, ки ҳама ихтилофоти ба вуҷудомадаро тавассути музокирот ҳал кунад, аммо тарафи муқобил на ҳамеша майл ба ин дорад
ДУШАНБЕ, 25 дек – Sputnik. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазъ дар Украинаро чандон хатарнок намедонад ва таъкид намуд, ки Маскав ба манфиати шаҳрвандони кишвар амал мекунад.
Ин нуктаро ӯ зимни суҳбат тариқи телевизионни "Россия 1" баён дошта, таъкид намуд, ки Русия дар масири дуруст қарор дорад.
"Дар самти дуруст амал карда истодаем, манфиатҳои миллӣ, шаҳрвандони худ, мардуми худро ҳифз мекунем. Илоҷи дигаре надорем", - гуфт раисҷумҳур.
Дар зимн таъкид намуд, ки Маскав омода аст, бо ҳамаи иштирокчиёни ин раванд дар бораи баъзе натиҷаҳои қобили қабул гуфтушунид кунад, ин ҷониби дигар аст, ки музокиротро рад мекунад.
Ба гуфтаи Путин, Русия ҳамеша саъй кардааст, ки ҳама баҳсҳои ба миёномада бо роҳи сулҳомез, тавассути музокирот ҳал шаванд, аммо ҷониби дигар аз аввал аз роҳи низомӣ кор бурду Маскав водор шуд, барои ҳимояти мардум иқдом кунад.
Вай афзуд, ҳама чиз бар асоси сиёсати мухолифони геополитикии Русия аст, ки ҳадафашон аз ҳам ҷудо кардани ФР мебошад.
"Ҷудо кун ва ҳукм рон кун - онҳо ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки ин корро кунанд ва ҳоло ҳам кӯшиш мекунанд, аммо ҳадафи мо чизи дигар аст - муттаҳид кардани мардуми Русия", - гуфт президенти ФР.
Президенти Русия қаблан низ мақомдорони Киев ва пуштибонони ғарбияшро даъват намуд, ки фавран оташро қатъ кунанду сари мизи музокирот баргарданд.
Вай ин нуктаро зимни маросими пазируфтани 4 субъекти нав - ҷумҳуриҳои Донетск, Луганск ва вилоёти Херсону Запороже ба ҳайати ФР баён дошта буд.
Дар зимн изҳор дошт, Маскав омодаи музокирот аст, аммо интихоби кардаи мардум баррасӣ нахоҳад шуд, он аллакай анҷом дода шуд.