Бунёди осоишгоҳи солимгардонӣ, чойхона ва маркази ташхиси тиббӣ дар соҳили дарёи Сир

© Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти СуғдБа бунёди осоишгоҳи солимгардонӣ, чойхона, маркази ташхиси тиббӣ дар Хуҷанд
Ба бунёди осоишгоҳи солимгардонӣ, чойхона, маркази ташхиси тиббӣ дар Хуҷанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Обуна шудан
Дар соҳили рости дарёи Сири шаҳри Хуҷанд ба бунёди осоишгоҳи солимгардонӣ, чойхона, маркази ташхиси тиббӣ санги асос гузошта шуд
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд осоишгоҳи солимгардонӣ, чойхона, маркази ташхиси тиббӣ ба истиқболи 35 - солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бунёд карда мешавад.
“Дар соҳили рости дарёи Сир, кўчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Абўалӣ Исматов маҷмааи хонаи баландошёна бо чойхона, маркази ташхисии тиббӣ, осоишгоҳ бунёд карда мешавад. Лоиҳакаши иншоот "Бунёдгари Суғдзамин" буда, корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ҶДММ “Авитсенна” ба анҷом расонида мешавад”, - хабар додааст мақомомти Суғд.
Таъкид шудааст, ки раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ахиран бо лоиҳаи иншоот шинос гардида, ба он санги асос гузошт.
Электробус  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Дар Хуҷанд барои мусофиркашонӣ автобусҳои барқӣ хариданиянд
Қайд карда шудааст, ки Раҷаббой Аҳмадзода ташкили чунин иншооти сайёҳӣ ва хизматрасониро ба манифати умум ва заминаи муосид барои ташкили ҷойҳои нави корӣ арзёбӣ намуд.
Зикр гардидааст, ки ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ бо истифода аз масолеҳи ватанӣ дастуру супоришҳо дода шуд.
Лентаи хабарҳо
0