Дар Хуҷанд барои мусофиркашонӣ автобусҳои барқӣ хариданиянд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкЭлектробус
Электробус  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.04.2023
Обуна шудан
Бо пайдо шудани автобусҳои барқӣ дар маркази вилояти Суғд хизматрасонӣ беҳтар мешавад: нақлиёти нав хатсайрҳоро нав карда, тамбашавиро коҳиш медиҳад.
ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Қарор аст, дар Хуҷанд автобусҳои замонавии барқӣ харидорӣ шавад.
Ба гуфтаи директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии "Нақлиёти мусофирбарии шаҳри Хуҷанд" Музаффар Раҳимхуҷаев, татбиқи лоиҳаи рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд идома дорад.
Он панҷ марҳиларо дар бар мегирад, ки арзишаш 26,8 миллион доллар аст. То имрӯз дар минтақа се марҳилаи лоиҳа пурра амалӣ гардид, менависад АМИТ "Ховар".
Ҳамин тариқ, соли 2018 100 автобуси замонавӣ ворид карда шуда, дар соли 2020 системаи пардохти бенақди роҳкиро ва назорат аз болои кори автобусҳо ба маблағи 311 ҳазор доллар татбиқ карда шуд.
Мақомот ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 26 автобус фиристод  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.03.2023
Мақомот ба шаҳри Кӯлоб ва шаҳру ноҳияҳои ВМКБ 36 автобус фиристод
Имрӯз дар доираи лоиҳа бинои маъмурӣ ва маркази автобус таъмир карда шуда, иншоот низ бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Ба гуфтаи роҳбарияти корхона, маҳз аз ҳисоби маблағҳои сарфашуда харидории автобусҳои муосири барқӣ дар назар аст.
Қобили зикр аст, ки то имрӯз 20 автобуси корхона дар 2 хатсайри мусофирбарӣ ҳаракат мекунад ва ду автобуси дигар дар нимаи моҳи апрел нав карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0