https://sputnik.tj/20220729/kreml-shvetsiya-finlandiya-nato-1050353044.html
Кремл иқдомаш баъди вуруди Шветсия ва Финландия ба НАТО-ро ошкор кард
Кремл иқдомаш баъди вуруди Шветсия ва Финландия ба НАТО-ро ошкор кард
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Кремл мегӯяд, вуруди Шветсия ва Финландия ба Созмони Атлантикаи Шимолӣ - НАТО расмиёте беш нест ва вокуниши Маскав вобаста ба амалашон хоҳад буд
2022-07-29T20:20+0500
2022-07-29T20:20+0500
2022-07-29T20:20+0500
дар русия
дмитрий песков
амният ва мудофиа
нато
шветсия
финландия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/05/1047377365_0:0:3007:1691_1920x0_80_0_0_d2b7889f39362080be4a7d1bdc6b2a63.jpg
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вуруди Шветсия ва Финландия ба НАТО иқдоми навбатии ин Эътилоф барои наздикшавӣ ба марзҳои Русия мебошад, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури ФР. "Инро албатта Вазорати мудофиа бо дастури сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар таҳлил карда истодааст. Албатта ин ҳама ба назар гирифта мешавад", - изҳор дошт ӯ. Песков таъкид намуд, ки Маскав амалан иқдоми минбаъдаи ин кишварҳоро пайгирӣ хоҳад кард, ки чӣ таҳдидҳое дар пай хоҳад дошт. Вай афзуд, ки вобаста ба амалҳо мақомоти Русия вокуниш хоҳанд кард. Маврид ба зикр аст, ки Финландия ва Шветсия дар пасманзари ҳаводиси Украина рӯзи 18 май дархости пайвастан ба ин паймонро ба дабири кулли НАТО супурданд.Владимир Путин, раисҷумҳури Русия адами хатар аз ҷониби Маскав барои давлатҳои мазкурро таъкид намуда буд. Ҳамчунин мақомоти Русия изҳор доштанд, ки узвияти Шветсия ва Финландияро хатар ба мавҷудияти кишвар арзёбӣ намекунанд. Русия борҳо таъкид кардааст, ки ҳадафи НАТО муқовимат аст. Сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор дошта буд, тавсеаи минбаъдаи ин блок амнияти бештаре ба Аврупо намеоварад, НАТО характери зӯроварӣ дорад.Владимир Путин изҳор дошта буд, ки даст кашидан аз сиёсати суннатии бетарафии низомии Финландия иштибоҳ хоҳад буд, зеро ба амнияти он таҳдиде вуҷуд надорад.Дар зимн сардори пулиси амнияти Финландия изҳор дошта буд, ки дар пайи эълони азми кишвар барои узвият дар НАТО дар муносибот Русия "ҳеч чизе рух надодаст".
https://sputnik.tj/20220728/yak-ruyorui-charo-mekhohand-nato-jonson-1050333572.html
шветсия
финландия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/05/1047377365_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_42ab9b3a2751894357222b8404953842.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вокуниш, кремл, шветсия, финландия, нато
вокуниш, кремл, шветсия, финландия, нато
Кремл иқдомаш баъди вуруди Шветсия ва Финландия ба НАТО-ро ошкор кард
Намояндаи Кремл мегӯяд, вуруди Шветсия ва Финландия ба Созмони Атлантикаи Шимолӣ - НАТО расмиёте беш нест ва вокуниши Маскав вобаста ба амалашон хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 29 июл — Sputnik. Вуруди Шветсия ва Финландия ба НАТО иқдоми навбатии ин Эътилоф барои наздикшавӣ ба марзҳои Русия мебошад, изҳор дошт Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури ФР.
"Инро албатта Вазорати мудофиа бо дастури сарфармондеҳи қувваҳои мусаллаҳи кишвар таҳлил карда истодааст. Албатта ин ҳама ба назар гирифта мешавад", - изҳор дошт ӯ.
Песков таъкид намуд, ки Маскав амалан иқдоми минбаъдаи ин кишварҳоро пайгирӣ хоҳад кард, ки чӣ таҳдидҳое дар пай хоҳад дошт.
"Ин узвият як расмиёте беш нест. Баъдан чӣ хоҳад шуд? Инфрасохтори ҳарбӣ чӣ гуна хоҳад буд? Бо мураббиён, пойгоҳҳои ҳарбӣ ва ғайраҳо? Гап дар ҳамин аст", - гуфт сухангӯи раисҷумҳур.
Вай афзуд, ки вобаста ба амалҳо мақомоти Русия вокуниш хоҳанд кард.
Маврид ба зикр аст, ки Финландия ва Шветсия дар пасманзари ҳаводиси Украина рӯзи 18 май дархости пайвастан ба ин паймонро ба дабири кулли НАТО супурданд.
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия адами хатар аз ҷониби Маскав барои давлатҳои мазкурро таъкид намуда буд. Ҳамчунин мақомоти Русия изҳор доштанд, ки узвияти Шветсия ва Финландияро хатар ба мавҷудияти кишвар арзёбӣ намекунанд.
Русия борҳо таъкид кардааст, ки ҳадафи НАТО муқовимат аст. Сухангӯи раисҷумҳури Русия изҳор дошта буд, тавсеаи минбаъдаи ин блок амнияти бештаре ба Аврупо намеоварад, НАТО характери зӯроварӣ дорад.
Владимир Путин изҳор дошта буд, ки даст кашидан аз сиёсати суннатии бетарафии низомии Финландия иштибоҳ хоҳад буд, зеро ба амнияти он таҳдиде вуҷуд надорад.
Дар зимн сардори пулиси амнияти Финландия изҳор дошта буд, ки дар пайи эълони азми кишвар барои узвият дар НАТО дар муносибот Русия "ҳеч чизе рух надодаст".