https://sputnik.tj/20230406/qurb-rubl-tojikiston-kohish-1056235026.html
Қурби рубл дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт
Қурби рубл дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Пули русӣ дар Тоҷикистон боз арзон шуда, ба поинтарин нишондиҳандаҳояш дар соли равон мерасад, аммо евро ва доллар тадриҷан гарон мешавад 06.04.2023, Sputnik Тоҷикистон
2023-04-06T10:52+0500
2023-04-06T10:52+0500
2023-04-06T10:52+0500
қурби асъор
бмт
дар тоҷикистон
иқтисод
рубл
доллар
евро
сомонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_0:0:3641:2048_1920x0_80_0_0_e7acd0390934aedc3e0e0f89484b7f28.jpg
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард, ки пули миллӣ дар ҳоли тақвиятёбист.Тибқи нишондоди ин ниҳод ҳоло 1000 рубл 137 сомонӣ арзиш дошта, нисбат ба як рӯзи қаблӣ як сомонӣ поин рафтааст.Асъори русӣ, сар аз оғози ҳафта устувориро аз даст дода, ҳамарӯза то як сомонӣ коҳиш меёбад.Дар ҳамин ҳол доллари амрикоӣ бомурур майли гароншавӣ дорад.Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як доллар 10.9139 сомонӣ медиҳанд. Қаблан як доллар ба 10.9138 сомонӣ баробар буд.Вазъи пули аврупоӣ низ тайи чанд муддат дар ҳоли муътадил боло мерафт, аммо ҳоло каме коҳиш ёфтааст. Ҳамакнун дар кишвар бар ивази як евро 11.9638 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро 11.9669 сомонӣ медоданд.Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9139 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.9638 то 12.2000 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 137 то 140 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.
https://sputnik.tj/20230330/mask-dollar-sabab-siyosat-ima-mavqe-gum-1055862165.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103087/16/1030871666_527:0:3258:2048_1920x0_80_0_0_702af7f7ec562944b4eeed06dc559817.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қурби асъор, бмт, дар тоҷикистон, иқтисод, рубл, доллар, евро, сомонӣ
қурби асъор, бмт, дар тоҷикистон, иқтисод, рубл, доллар, евро, сомонӣ
Қурби рубл дар Тоҷикистон боз коҳиш ёфт
Пули русӣ дар Тоҷикистон боз арзон шуда, ба поинтарин нишондиҳандаҳояш дар соли равон мерасад, аммо евро ва доллар тадриҷан гарон мешавад
ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард, ки пули миллӣ дар ҳоли тақвиятёбист.
Тибқи нишондоди ин ниҳод ҳоло 1000 рубл 137 сомонӣ арзиш дошта, нисбат ба як рӯзи қаблӣ як сомонӣ поин рафтааст.
Асъори русӣ, сар аз оғози ҳафта устувориро аз даст дода, ҳамарӯза то як сомонӣ коҳиш меёбад.
Дар ҳамин ҳол доллари амрикоӣ бомурур майли гароншавӣ дорад.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ дар бозори арз барои як доллар 10.9139 сомонӣ медиҳанд. Қаблан як доллар ба 10.9138 сомонӣ баробар буд.
Вазъи пули аврупоӣ низ тайи чанд муддат дар ҳоли муътадил боло мерафт, аммо ҳоло каме коҳиш ёфтааст. Ҳамакнун дар кишвар бар ивази як евро 11.9638 сомонӣ медиҳанд. Ин дар ҳолест, ки як рӯз қабл бар ивази як евро 11.9669 сомонӣ медоданд.
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчунин нархи миёнаи харидуфурӯши пулҳои хориҷиро дар ташкилотҳои қарзии кишвар ироа намудаст.
Ба иттилои ин ниҳод, 1 доллари ИМА аз 10.9139 то 10.9400 сомонӣ, 1 евро аз 11.9638 то 12.2000 сомонӣ, 1 рубли русӣ аз 137 то 140 сомонӣ харидуфурӯш мешавад.
БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудааст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад.