"Дар орзуи Порис": мусобиқоти байналмилалии футболи бонувон дар Ҳисор

© SputnikАз чап ба рост: сармураббии бразилиягии тими футболи бонувони Ҳонконг, Хосе Рикардо Рамбо, сармураббии тими олимпии занони Тоҷикистон - Мубин Эргашев, тими футболи бонувони Покистон - Одил Ризқӣ, сармураббии австралиягии Филипин - Ален Стойчич
Аз чап ба рост: сармураббии бразилиягии тими футболи бонувони Ҳонконг, Хосе Рикардо Рамбо, сармураббии тими олимпии занони Тоҷикистон - Мубин Эргашев, тими футболи бонувони Покистон -  Одил Ризқӣ, сармураббии австралиягии Филипин - Ален Стойчич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.04.2023
Обуна шудан
Аввалин даври муқаддамотии мусобиқоти футболи бонувони гуруҳи Е-и Бозиҳои Олимпӣ-2024 дар варзишгоҳи марказии Ҳисор аз 5 то 11 апрел баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 5 апр – Sputnik. Тимҳои миллии бонувони Тоҷикистон, Филипин, Ҳонконг ва Покистон барои касби саҳмияи ширкат дар даври баъдии мусобиқоти футболи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ - 2024 дар Порис ба масофи ҳам хоҳанд рафт.
Аммо ҳеҷ як аз тимҳо итминон надорад, ки тобистони соли равон дар Порис ҳузур хоҳад ёфт, ҳарчанд бархе тими Филипинро фаворити ин даври муқаддамотӣ ва ҳам ширкаткунандаи билқувваи мусобиқоти олимпӣ арзёбӣ мекунанд.
Зимни пресс – конфронсе, ки дар Душанбе баргузор шуд, сармураббии тими олимпии занони Тоҷикистон, Мубин Эргашев, гуфт, тимаш омодагии лозимро барои ширкат дар ин мусобиқот дорад, аммо дар як гурӯҳи начандон осон қарор гирифтааст.
Победители чемпионата CAFA-2023 в Гиссаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2023
Поёни қаҳрамонии занон CAFA - 2023 дар Ҳисор: Тоҷикистон на гол зад на хол гирифт
“Ҳама тимҳои рақиб қавӣ ва арзанда ҳастанд, аммо аз нигоҳи ман, тими Филипин фаворит ё маҳбуби мусобиқот аст, зеро дар мусобиқоти сатҳи баландтарин дар ҷаҳон ширкат мекунад”, - гуфт ӯ.
Сармураббии бразилиягии тими футболи бонувони Ҳонконг, Хосе Рикардо Рамбо, ки аз сӯи коршиносони соҳа рақиби асосии Филиппин арзёбӣ мешавад ва бозии аввалинашро 5 апрел, бо тими Тоҷикистон анҷом медиҳад, гуфт, тимаш ба ҳар бозӣ бархӯрди ҷиддӣ дорад ва тамоми талошашро мекунад, то ба даври дигар роҳ ёбад.
“Мо на фақат Филипин, балки Тоҷикистону Покистонро низ ҷиддӣ гирифтаем. Бале, фақат як тим метавонад аз ин гуруҳ ба даври дигар роҳхат гирад ва мо умедворем, ки ин тим мо хоҳем буд”, - гуфт Хосе Рикардо Рамбо.
Сармураббии тими футболи бонувони Покистон, Одил Ризқӣ гуфт, барои тимаш худ ширкат дар чунин мусобиқоти сатҳи ҷаҳонӣ як озмоиш ва имтиҳони бузургест.
“Мо бозиеро, ки метавонем, ба намоиш мегузорем ва дар оянда аз камбудиҳои худ хоҳем омӯхт. Тавре мегӯянд, муҳим ширкат кардан аст, зеро ширкат дар чунин мусобиқот ба сатҳи худаш таҷрибаи хубе низ медиҳад”, - гуфт Одил Ризқӣ.
Дар ҳоле, ки сармураббиёни тимҳои Тоҷикистону Ҳонгконг ва Покистон то ҷое бидуни эътимод ба худ ва як гуна бо яъсу ноумедӣ суҳбат мекарданд, сармураббии австралиягии Филипин, Ален Стойчич, дар посух ба назароти хуб дар бораи тимаш гуфт, ҳадафи онҳо маҳбуб будан ё ба даст овардани маҳбубияти касе нест.
Женская молодежная сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Тими бонувони тоҷик дар Таиланд бо кӣ бозӣ мекунад?
“Мо бозии худро мекунем ва ҳатман он бозиеро, ки бозигаронамон бояд иҷро кунанд, манзур мегардонем. Ягон тими заиф вуҷуд надорад, зеро майдони футбол майдони муъҷизот аст ва дар он ҳар иттифоқи ғайри қобили пешбинӣ метавонад пеш ояд”, - гуфт Стойчич.
Аз изҳоротҳое, ки барои расонаҳо баён мешаванд, бигзарем ва ба зарфияту таърихи рушди тимҳои гуруҳи Е бингарем, воқеиятҳои дигаре пеши мо ошкор мешаванд.
Роҳбари Лигаи футболи бонувони Тоҷикистон, Абдуллоҳ Соқиев, гуфт, тимҳо дар сатҳҳои комилан мухталиф қарор доранд, масалан, Филипин тобистони соли равон дар мусоҳиботи Ҷоми ҷаҳон ширкат мекунад, дар ҳоле ки Тоҷикистону Покистон тимҳои навпо ҳастанд.
“Ҳонгконг низ як тими қавӣ аст, шояд аз Тоҷикистону Покистон қавитар бошад, аммо дар сатҳи бозӣ аз Филипин хеле дур аст. Табъан Филиппин ҳамчун маҳбуби мусобиқот барандаи эҳтимолии майдон хоҳад буд", - гуфт Соқиев.
Вай афзуд, барои Тоҷикистон баргузории мусобиқот дар қаламраваш, ки бори аввал сурат мегирад, як таҷрибаи хеле нодир аст ва умедҳоро барои рушди футболи бонувон бештар мекунад.
Коршиносон мегӯянд, аввалин тими миллии футболи бонувони Филипин соли 1980 таъсис ёфта, дар ин миён фақат дар ду соли ахир тавонист дурахшад. Ин тим соли 2022 ба нимфинали Ҷомиё Осиё роҳ ёфта, ҳамон сол қаҳрамони АСЕАН шуд ва тобистони соли равон дар мусобиқоти Қаҳрамонии ҷаҳон ширкат хоҳад кард.
Тими миллии футболи бонувони Ҳонгконг, яке аз манотиқи рушдкардатарини ҷаҳон, ҳанӯз дар соли 1975 арзи вуҷуд кард, аммо беҳтарин натиҷааш дар соли 1980 гирифтани мақоми саввум дар Ҷоми Осиё буд.
Покистон соли 2010 чунин як тимро таъсис дод, аммо то ба ҳол ҳеҷ дурахшише дар мусобиқоти осиёиву ҷаҳонӣ аз худ ба намоиш нагузоштааст.
Юношеская сборная Таджикистана в отборочном турнире Кубка Азии-2023  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.03.2023
Рақибони мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё-2023 маълум шуданд
Тоҷикистон амалан соли 2018 рӯ ба футболи бонувон овард ва аввалин тимашро таъсис дод, аммо ба ҷуз ширкат дар Ҷоми Осиё (2018), ки худ мизбони он буд ва бозиҳои муқаддамотии Бозиҳои олимпии 2020 дурахшиши хосе надошт.
Дар радабандиҳои ФИФА низ Филипин дар мақоми 54, Ҳонгконг – 79, Тоҷикистон – 144 ва Покистон – 161 қарор доранд. Ҳатто барои Филипин ҳам убур ба марҳалаи сонии даври муқаддамотии Бозиҳои олимпӣ – 2024 дар Порис ҳанӯз поёни кор буда наметавонад, зеро фақат ду тим аз Осиё чунин ҳақро хоҳанд дошт.
Ин ҳам дар ҳоле, ки тимҳои бузурге, монанди Ҷопон, Австралия, Чин ва Куриёҳои Шимоливу Ҷанубӣ ҳанӯз моҳи январи соли равон ба даври сонӣ роҳ ёфта ва мунтазири ҳарифони худ аз гуруҳҳои дигар ҳастанд, ки яке ҳам ҳамин гуруҳи Е аст.
Аз ин хотир, Мубин Эргашев ба суол, ки “оё тимҳои гуруҳи Е орзуи Порисро доранд?”, кӯтоҳ посух дод, ки “на, ин як иттифоқи баъйид аст”.
Лентаи хабарҳо
0