Поёни қаҳрамонии занон CAFA - 2023 дар Ҳисор: Тоҷикистон на гол зад на хол гирифт

© Пресс-служба Федерации футбола ТаджикистанаПобедители чемпионата CAFA-2023 в Гиссаре
Победители чемпионата CAFA-2023 в Гиссаре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2023
Обуна шудан
Барои Тоҷикистон ин мусобиқаҳо бо як нуқтаи ғамангел анҷом ёфтанд, зеро тими миллӣ на дар як бозӣ пирӯз шуд ва на як хол ба даст овард
ДУШАНБЕ, 17 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби ҷавонони Узбекистон (U-17) дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки дар Ҳисор баргузор шуд, ғолиб гардид.
Дастаи Узбекистон ҳамаи 3 бозии мусобиқаро бидуни шикаст анҷом дод: бо Эрон 4:1, бо Қирғизистон 3:0, бо Тоҷикистон 5:0.
Нуқраро духтарони эронӣ, ки тавонистанд 6 имтиёз ба даст оранд, ва биринҷӣ ба Қирғизистон бо 3 имтиёз расид.
Футбольный мяч на поле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2023
Тими футболи “Файзканд” ба бозигаронаш маош намедиҳад
Дар навбати худ тими занонаи Тоҷикистон (U-17), таҳти раҳбарии Фарҳод Холбеков дар ҳамаи бозиҳояшон шикаст хӯрда, ягон гол назад ва як хол ҳам ба даст наовард.
Бар асоси натоиҷи ин мусобиқот ҷоизаи "Fair Play" насиби тими Эрон ва ҷоизаи вижа насиби тими Тоҷикистон шуд.
Ҷоизаи беҳтарин нишонзани мусобиқаро бозигари тими миллии Эрон Самоёи Исмоилӣ (4 гол) ба даст овард.
Капитани тими миллии Узбекистон Асалхон Аминҷонова дар чемпионати CAFA-2023 муфидтарин дониста шуд.
Лентаи хабарҳо
0