Тими бонувони тоҷик дар Таиланд бо кӣ бозӣ мекунад?

© Фото : Федерация футбола ТаджикистанаЖенская молодежная сборная Таджикистана по футболу
Женская молодежная сборная Таджикистана по футболу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2023
Обуна шудан
Тими мунтахаби бонувони футболбози то 20-солаи Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 ба Таиланд сафар кард
ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Дастаи мунтахаби бонувони футболбози Тоҷикистон дар Таиланд 3 бозиро бо ҳамтоёнашон аз мунтахабҳои кишварҳо қоравӣ анҷом хоҳанд дод.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон, хабар дода, афзуд, ки тими кишвар таҳти роҳбарии Юсуф Рабиев аллакай ба Таиланд рафт.
Бонувони тоҷик дар доираи даври аввали мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2024 дар гурӯҳи "Е" дар шаҳри Бурирами Тайланд бозиҳо анҷом хоҳанд дод.
Таъкид шудаст, ки ба ҳайати мунтахаби бонувони Тоҷикистон (U-20) 21 бозигар – 3 дарвозабон, 6 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар шомил шудааст.
Боец Лоик Раджабов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.03.2023
Аз ваъдаҳо то ноумедӣ: Размикори тоҷик аз роҳаш ба UFC гуфт - видео
Бозии аввали мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 бо тимҳои Тайбейи Чин ба нақша гирифта шудааст, 8 март дар назар мебошад.
Бо тими бонувони тайландӣ дастаи тоҷикистон рӯзи 10 март дар назар мебошад. Бозӣ бо ҳамтоён аз Ӯзбекистон 12 март ба нақша гирифта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Федератсияи футболи Тоҷикистон солҳои охир барои рушди футбол миёни бонувон таваҷҷуҳро бештар карда, мусобиқаҳои сатҳи гуногунро баргузор мекунад.
Қаблан дар Душанбе мусобиқа миёни бонувони футболбоз бо иштироки тимҳои мунтахаби кишварҳои мунтахаб баргузор шуд, ки дар он баробари тими мизбон инчунин дастаҳо аз Эрон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок доштанд.
Лентаи хабарҳо
0