ИМА дар оғуши гирдбодҳои шадид - видео

Обуна шудан
Расонаҳо хабар медиҳанд, ки дар иёлоти Теннессии Амрико бар асари ин офати табии даҳшатнок 15 нафар ҷони худро аз даст додаанд
Теъдоди қурбониёни силсила гирдбодҳо дар як қатор иёлотҳои ИМА ба 32 нафар расид, даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд, иттилоъ додааст рӯзномаи “New York Times” хабар додааст.
Ба навиштаи нашрия, ҷон бохтани сокинон дар иёлотҳои Алабама, Арканзас, Делавэр, Иллинойс, Индиана, Миссисипи ва Теннесси ба қайд гирифта шудааст. сабт шудааст.
Манбаъ хабар додааст, ки танҳо дар иёлоти Теннессии Амрико 15 нафар ҷон бохтааанд.
Сели харобиовар дар Хатлон: КҲФ гуфт комиссия вижа барои ҳисоби зарар рафт
Дар иёлати Арканзас, ки ҳоким он Сара Ҳакаби Сандерс қаблан вазъияти изтирорӣ эълон карда буд, панҷ нафар кушта шуданд.
Мақомоти ин минтақа эълон кардааст, ки барои барқарор намудани харобаҳо аз ҳеҷ чиз дареғ намедоранд. Бо фармони ҳоким ин иёлот гвардияи миллӣ ба муборизаи зидди оқибатҳои офати табиӣ вобаста карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0