Сели харобиовар дар Хатлон: КҲФ гуфт комиссия вижа барои ҳисоби зарар рафт

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкТерритория затопления
Территория затопления  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.04.2023
Обуна шудан
Ҳолати изтирорӣ баъди боришоти шадид дар чанд деҳа ва ҷамоати ҷануби Тоҷикистон якбора рух дод: биноҳо ва заминҳои корам зери об монд
ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Дар ҳудуди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шаби 4-уми апрел сели зиёд ҷорӣ шуд, хабар дод Умеда Юсупова, сухангӯи КҲФ ба Sputnik Тоҷикистон.
Тибқи маълумоти пешакӣ, талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.
Аммо биноҳои деҳаҳои Селга ва Пахтакори ҷамоати деҳоти Сайфиддини Кабуд осеб диданд. Селобҳои зиёди ҷоришуда таҳхонаҳо, заминҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ ва заминҳои корамро зер кардааст.
То ин дам ба хотири таъмини амният комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Панҷ тасмим гирифт, ки одамонро муваққатан кӯчонад.
Ҳамин тариқ, якбора 15 хонаводае, ки дар наздикии селроҳа зиндагӣ мекарданд, муваққатан ба ҷойҳои амн кӯчонида шуданд.
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2023
Борони шадид дар шимоли Тоҷикистон чӣ зиён расонд? шарҳи КҲФ
Барои расондани ёрӣ ба зарардидагон ва зуд бартараф намудани оқибатхои сел қувваю воситаҳои зарурии иловагӣ сафарбар карда шудаанд.
Илова бар ин, як гурӯҳи корӣ таҳти сарварии муовини раиси КҲФ генерал-майор Сулаймон Исозода ҷиҳати ташкили корҳо оид ба рафъи оқибатҳои офати табиӣ ба Панҷ сафар кардаанд.
Ҳамчунин, дар ноҳия комиссияи вилоятии ҳолатҳои изтирорӣ таҳти роҳбарии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид фаъолият дорад.
Дар ҳоли ҳозир корҳои барқарорсозӣ оғоз шуда, Комиссияи ҳолатҳои фавқулода барои муайян кардани зарари сел ба кор шурӯъ кардааст.
Лентаи хабарҳо
0