https://sputnik.tj/20230403/tayini-vaziri-nav-korho-khorijii-qazoqiston-1055929157.html
Таъйини вазири нави корҳои хориҷии Қазоқистон
Таъйини вазири нави корҳои хориҷии Қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
Вазири нави умури хориҷии Қазоқистон зодаи шаҳри Алмато буда, то ҳол дар мақоми роҳбари дастгоҳи президенти кишвар фаъолият доштааст
2023-04-03T13:15+0500
2023-04-03T13:15+0500
2023-04-03T13:29+0500
осиёи марказӣ
қазоқистон
сиёсат
таъйин
вазир
кор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_0:256:3112:2007_1920x0_80_0_0_0f428119689a92e287e4c7a0c9cd065f.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар Қазоқистон ба ҷои Мухтор Тлеубердӣ ба мақоми вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, Мурат Нуртлеу таъйин шуд. Дар ин бора Sputnik Қазоқистон иттилоъ дода, бархе тафсилоти ҳолномаи вазири нави умури хориҷии кишварро зикр намудаст. Ба иттилои манбаъ, Нуртлеу мутаваллиди соли 1976 мебошад, ки дар Алмато зода шудааст. Таъкид шудааст, ки вазири ҷадид бо забонҳои қазоқӣ, русӣ, англисӣ ва немисӣ ҳарф мезанад ва фаъолияти корияшро асосан дар сохтори Вазорати корҳои хориҷӣ сохтааст. Ӯ дар гузашта дар мақоми сафири Қазоқистон дар Финландия ва Эстония фаъолият доштааст. Пас аз рӯйдодҳои моҳи январи соли гузашта, вай муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва баъдан раиси дастгоҳои президенти Қазоқистон буд. Ба мақоми роҳбари дастгоҳи президент, собиқ раиси Ожонси зидди фасоди Қазоқистон, Олжас Бектенов таъйин шудааст. Ҳамин тавр бисёре аз чеҳраҳои калидии ҳукумати Қазоқистон мақомҳояшонро ҳифз кардаанд. Аз ҷумла Марат Ахметжанов дубора вазири корҳои дохилӣ таъин шуд. Ҳамчунин Руслан Жаксиликов дигарбора ба вазифаи вазири дифои Қазоқистон таъйин гардид.
https://sputnik.tj/20230330/alikhon-smailov-nakhustvazir-qazoqiston-tain-1055848206.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/13/1054333894_76:0:2807:2048_1920x0_80_0_0_f018bba9da2dbfe42b6075d7493b4ee2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазир, нав, корҳои хориҷӣ, қазоқистон
вазир, нав, корҳои хориҷӣ, қазоқистон
Таъйини вазири нави корҳои хориҷии Қазоқистон
13:15 03.04.2023 (Навсозишуда: 13:29 03.04.2023) Вазири нави умури хориҷии Қазоқистон зодаи шаҳри Алмато буда, то ҳол дар мақоми роҳбари дастгоҳи президенти кишвар фаъолият доштааст
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Дар Қазоқистон ба ҷои Мухтор Тлеубердӣ ба мақоми вазири корҳои хориҷии Қазоқистон, Мурат Нуртлеу таъйин шуд.
Дар ин бора Sputnik Қазоқистон иттилоъ дода, бархе тафсилоти ҳолномаи вазири нави умури хориҷии кишварро зикр намудаст.
Ба иттилои манбаъ, Нуртлеу мутаваллиди соли 1976 мебошад, ки дар Алмато зода шудааст.
Таъкид шудааст, ки вазири ҷадид бо забонҳои қазоқӣ, русӣ, англисӣ ва немисӣ ҳарф мезанад ва фаъолияти корияшро асосан дар сохтори Вазорати корҳои хориҷӣ сохтааст.
Ӯ дар гузашта дар мақоми сафири Қазоқистон дар Финландия ва Эстония фаъолият доштааст.
Пас аз рӯйдодҳои моҳи январи соли гузашта, вай муовини аввали раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва баъдан раиси дастгоҳои президенти Қазоқистон буд.
Ба мақоми роҳбари дастгоҳи президент, собиқ раиси Ожонси зидди фасоди Қазоқистон, Олжас Бектенов таъйин шудааст.
Ҳамин тавр бисёре аз чеҳраҳои калидии ҳукумати Қазоқистон мақомҳояшонро ҳифз кардаанд. Аз ҷумла Марат Ахметжанов дубора вазири корҳои дохилӣ таъин шуд.
Ҳамчунин Руслан Жаксиликов дигарбора ба вазифаи вазири дифои Қазоқистон таъйин гардид.