https://sputnik.tj/20230330/alikhon-smailov-nakhustvazir-qazoqiston-tain-1055848206.html
Алихон Смаилов дубора нахуствазири Қазоқистон таъин шуд
Алихон Смаилов дубора нахуствазири Қазоқистон таъин шуд
Sputnik Тоҷикистон
Аз 97 вакили парлумони Қазоқистон 82 нафар ба ҷонибдории дигарбораи Смаилов овоз доданд, 8 нафар бетараф ва 7 нафар мухолифат кардаанд
2023-03-30T11:38+0500
2023-03-30T11:38+0500
2023-03-30T11:38+0500
қазоқистон
осиёи марказӣ
сиёсат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044703412_38:0:1000:541_1920x0_80_0_0_4d237c3519ea6c6b4cdbce1485c9d01f.jpg
ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Ҳукумати наври Қазоқистонро ҳамакнун Алихон Смаилови 50-сола раҳбарӣ мекунад, хабар медиҳад, хабарнигори Sputnik Қазоқистон.Фармони дахлдорро дар ин бора президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев имзо кард.Гуфта мешавад, ки рӯзи 29 март дар ҷаласаи муштараки палатаҳои парлумон президент Тоқаев ҳаққи пешбарии номзад ба мақоми нахуствазири ҳизберо, ки дар интихобот пирӯз шудааст, дод. Имрӯз 30 март бошад, раиси маҷлис, раиси ҳизби "Амонат" Ерлан Кошанов ба президент номзадии сарвазири собиқ Алихон Смаиловро пешниҳод кард. Баъд аз ин, сарвари давлат дар як ҷаласа номзадии пешниҳодшударо бо дигар фраксияҳои аҳзоб баррасӣ кард. Вакилони палатаи поёнии парламент ба тарафдории номзади Смайлов овоз доданд.Қобили зикр аст, ки Смайлов аз моҳи январи соли 2022 ба он раҳбарӣ мекунад, пас аз интихоби ҳайати нави Маҷлис (палатаи поёнии парлумон) рӯзи 19 март ба истеъфо рафта буд. Гуфта мешавад, ки Смаилов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Қазоқистон бо ихтисоси математикаи амалӣ аст. Баъдан дар Донишкадаи менеҷмент, иқтисод ва пешгӯии назди президенти Қазоқистон соҳиби тахассуси "Устоди идораи давлатӣ" гардид.Дар тӯли солҳо фаъолияташ ӯ ба Агентии омор, холдинги миллии "Казагро" роҳбарӣ карда, муовини вазири корҳои хориҷӣ, молия ва ёвари президенти Қазоқистон буд.Моҳи сентябри соли 2018 раҳбарии Вазорати молияро бар уҳда дошт ва дар моҳи феврали соли 2019 ба ин мақом вазифаҳои муовини сарвазир илова карда шуданд. Аз моҳи майи соли 2020 то январи соли 2022 - муовини аввали сарвазир буд.
https://sputnik.tj/20230319/raydihi-shahrvandon-qazoqiston-dushanbe-1055624574.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044703412_173:0:894:541_1920x0_80_0_0_3ae0092c177b2974d8e624442d366e75.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
алихон смаилов дубора нахуствазир қазоқистон
алихон смаилов дубора нахуствазир қазоқистон
Алихон Смаилов дубора нахуствазири Қазоқистон таъин шуд
Аз 97 вакили парлумони Қазоқистон 82 нафар ба ҷонибдории дигарбораи Смаилов овоз доданд, 8 нафар бетараф ва 7 нафар мухолифат кардаанд
ДУШАНБЕ, 30 мар – Sputnik. Ҳукумати наври Қазоқистонро ҳамакнун Алихон Смаилови 50-сола раҳбарӣ мекунад, хабар медиҳад, хабарнигори Sputnik Қазоқистон.
Фармони дахлдорро дар ин бора президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев имзо кард.
Гуфта мешавад, ки рӯзи 29 март дар ҷаласаи муштараки палатаҳои парлумон президент Тоқаев ҳаққи пешбарии номзад ба мақоми нахуствазири ҳизберо, ки дар интихобот пирӯз шудааст, дод.
Имрӯз 30 март бошад, раиси маҷлис, раиси ҳизби "Амонат" Ерлан Кошанов ба президент номзадии сарвазири собиқ Алихон Смаиловро пешниҳод кард.
Баъд аз ин, сарвари давлат дар як ҷаласа номзадии пешниҳодшударо бо дигар фраксияҳои аҳзоб баррасӣ кард. Вакилони палатаи поёнии парламент ба тарафдории номзади Смайлов овоз доданд.
"Смаилов Алихан Асханович сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон таъин карда шавад", — гуфта мешавад дар матни Тоқаев.
Қобили зикр аст, ки Смайлов аз моҳи январи соли 2022 ба он раҳбарӣ мекунад, пас аз интихоби ҳайати нави Маҷлис (палатаи поёнии парлумон) рӯзи 19 март ба истеъфо рафта буд.
Гуфта мешавад, ки Смаилов хатмкардаи Донишгоҳи давлатии миллии Қазоқистон бо ихтисоси математикаи амалӣ аст. Баъдан дар Донишкадаи менеҷмент, иқтисод ва пешгӯии назди президенти Қазоқистон соҳиби тахассуси "Устоди идораи давлатӣ" гардид.
Дар тӯли солҳо фаъолияташ ӯ ба Агентии омор, холдинги миллии "Казагро" роҳбарӣ карда, муовини вазири корҳои хориҷӣ, молия ва ёвари президенти Қазоқистон буд.
Моҳи сентябри соли 2018 раҳбарии Вазорати молияро бар уҳда дошт ва дар моҳи феврали соли 2019 ба ин мақом вазифаҳои муовини сарвазир илова карда шуданд. Аз моҳи майи соли 2020 то январи соли 2022 - муовини аввали сарвазир буд.