Шарҳи ҳавосанҷон дар бораи боришоти харобиовар дар Суғд: то кай давом мекунад?

© Sputnik / Анатолий Устиненко / Гузариш ба медиабонкПоследствия схода селевого потока
Последствия схода селевого потока  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2023
Обуна шудан
Эксклюзив
Таҳқиқгарони Маркази обуҳавосанҷии Суғд меъёри боришоти борони шадиди ахир дар шаҳру ноҳияҳоро шарҳ дода гуфтанд, ки чунин вазъ то кай идома хоҳад ёфт
ДУШАНБЕ, 3 апр – Sputnik. Дараҷаи баланди резиши борон, ки шоми 2 апрел боиси селхезӣ дар шаҳру навоҳии Суғд гардид то ба 7 мм баробар будааст.
Дар ин бора Абдувалӣ Ҳомидов, сардори Маркази обуҳавосанҷии Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон изщор дошт.
Ба гуфтаи ӯ, ин ҳолат дар баҳорон умдатан дар пайи бархурди ҳавои гарми ҷанубӣ ва ҳарорати сарди шимолӣ рух медиҳад.
“Тадқиқотҳо собит намудаанд, ки дар натиҷа ин вазъ унсурҳои атмосферӣ ба мисли боридани жола, борони пуршиддат, вазиши шамоли сахт ва раъду барқ ба вуҷуд меояд” – гуфт, Ҳомидов.
Ин коршинос шарҳ дод, ки ахиран меъёри боронҳои шиддатнок, ки аз соати 15:00 то соатҳои 18:00 ва 19:00 -и шом давом карда, боиси селхезиҳо гардид, дар ноҳияҳои кӯҳӣ 2, 8 мм ва дар водиҳо ба 7 мм баробар будааст.
Бар пояи иттилоъи манбаъ дараҷаи аз ҳама баланди боришоти шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Бӯстон ва Хуҷанд будааст, ки то 7, 5 мм ҳисоб шудааст.
Номбурда гуфт, ки эҳтимол аст, боришоти боронҳои бошиддат то санаи 5 апрел дар навоҳии Суғд идома ёбад.
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2023
Борони шадид дар шимоли Тоҷикистон чӣ зиён расонд? шарҳи КҲФ
Тавре КҲФ Тоҷикистон иттилоъ дод, дар пайи боронщои шадад, дар ҳудуди микрорайони 3-юм, кӯчаи Зуҳали шаҳри Хуҷанд лой роҳи маҳаллӣ ва якчанд таҳхонаҳои биноҳои истиқоматиро зер кардаст.
Дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ бар асари боришоту сел ду километр роҳи маҳаллӣ, як хона истиқоматӣ, ду оғилхона ва қисмате аз боғ зиён дидаанд.
Мақомот мегуянд, хушбахтона талафоти ҷонӣ аз ҳисоби ин офати табиӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Зимнан Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои муайян кардани ҳаҷми хисороти боронигариҳо ва сел комиссияи вижа таъсис додаст.
Лентаи хабарҳо
0