Борони шадид дар шимоли Тоҷикистон чӣ зиён расонд? шарҳи КҲФ

© КҲФБартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.04.2023
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон барои муайян кардани ҳаҷми хисороти боронигариҳо ва сел комиссияи вижа таъсис додаст
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Борони шадид ба бархе аз инфрасохтори шаҳру навоҳӣ дар вилояти Суғд зиён расонд, аммо талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, иттилоъ дод КҲФ Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, аз ҷумла шоми 2-юми апрел дар натиҷаи боришот дар ҳудуди микрорайони 3-юми кӯчаи Зуҳали шаҳри Хуҷанд, лой роҳи маҳаллӣ ва якчанд таҳхонаҳои биноҳои истиқоматиро зер кардаст.
Таъкид шудааст, ки шаби 2 ба 3 апрел наҷотдиҳандагони КҲФ дар маҳаллаи 3-юми шаҳри Хуҷанд 2 мошини "Газел"-ро, ки дар лой дармонда буданд, берун оварда, қисмати роҳи Душанбе - Чаноқро тоза карданд.
Дар ҷамоати Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ бар асари боришоту сел ду километр роҳи маҳаллӣ, як хона истиқоматӣ, ду оғилхона ва қисмате аз боғ зиён дидаанд.
Сход селей в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.04.2023
Дар Мӯъминобод кӯдаки 7 - сола зери сел монд
Селхезӣ ҳамчунин дар ҳудуди ҷамоатҳои Деҳмой ва Гулхани ноҳияи Ҷаббор Расулов ​​низ ба қайд гирифта шудааст.
"Ҳамчунин дар натиҷаи боришоти шадид дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чоркуҳи шаҳри Исфара сангу хок ҳудуди 200 метр роҳи маҳаллиро зер кардаст", - омадааст дар иттилоия.
Дар баробари ин зиён ба қисмате аз заминҳои кишоварзии шаҳру навоҳии дигари шимоли Тоҷикистон низ ба қайд гирифта шудааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон мегӯяд, ин офат қурбонӣ дар пай надошта, хисороти расондаи онро комиссияи махсус ҳисоб мекунад.
Лентаи хабарҳо
0