https://sputnik.tj/20230403/rogov-ukraina-hamla-omoda-1055924852.html
Рогов: Украина ба ҳамла омода шуда истодааст
Рогов: Украина ба ҳамла омода шуда истодааст
Sputnik Тоҷикистон
Гуфта мешавад, ки ин як амалиёти иттилоотӣ ва равонӣ барои паст кардани рӯҳияи низомиёни Русия равона гардидааст, аммо муваффақ нахоҳад буд
2023-04-03T11:25+0500
2023-04-03T11:25+0500
2023-04-03T11:25+0500
амалиёти вижаи русия барои ҳимояи донбасс: охирин хабарҳо
дар русия
амният ва мудофиа
донбасс
украина
амалиёт
низомӣ
ҳамлагарон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/05/1055322850_0:0:2904:1634_1920x0_80_0_0_eb6f3726c2f31b6ac525db6f1b175e0e.jpg
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Нерӯҳои украинӣ барои гузарондани амалиёти ҳамла ба вилояти Запороже гурӯҳи кофӣ ҷамъ кардаанд, изҳор дошт раҳбари ҷунбиши "Мо бо Русия ҳастем", Владимир Рогов. Вай дар суҳбат бо РИА "Новости" таъкид намудаст, ки ба ҳамлаи ҷониби Украина дар ҳар лаҳза омода мебошанд. Ӯ таъкид кардааст, ки Ғарб раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленскийро ба ҳамла тела медиҳад, то самаранокии истифодаи силоҳи ғарбиро нишон диҳад."Ғарб натиҷаҳои фаврӣ мехоҳад, ба амалиёти низомӣ бо шумораи зиёди кушташудагон ниёз дорад", - изҳори боварӣ намуд роҳбари ҷунбиши "Мо бо Русия ҳастем". Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, дар расонаҳои Украина як силсила нашрияҳои фармоишӣ дар бораи вилояти Запороже пайдо шуданд, ки дар онҳо афкори умум барои ҳамлаи эҳтимолӣ омода мешавад."Аз нуқтаи назари PR самти Запорожеро таъкид мекунад, то дар он ҷо як навъ ифлоскориеро амалӣ созад. Ин як амалиёти иттилоотӣ ва равонӣ барои паст кардани рӯҳияи низомиёни мост. Аммо наметавонанд, ҷавоби сазовор хоҳанд гирифт", - гуфт Рогов. Вилояти Запороже дар пайи як раъйпурсии моҳи сентябри соли 2022 субъекти Федератсияи Русия шуд, ки Киев натоиҷи онро эътироф намекунад ва оташкушоӣ сӯи ин қаламравро идома медиҳад. Феълан беш аз 70%-и ҳудуди вилояти Запороже таҳти назорати Русия қарор дорад, дар ҳоле ки маркази вилоят, шаҳри Запороже таҳти назорати нерӯҳои Украина боқӣ мемонад.
https://sputnik.tj/20230402/khohari-kim-chen-in-zelenskiy-ukrainaro-ba-nobudi-mebarad-1055918060.html
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/03/05/1055322850_140:0:2720:1935_1920x0_80_0_0_aee850e1be8300c833542e055a2d79b7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор, ҳамла, украина, запароже, қисмат, ҷабҳа
ҳушдор, ҳамла, украина, запароже, қисмат, ҷабҳа
Рогов: Украина ба ҳамла омода шуда истодааст
Гуфта мешавад, ки ин як амалиёти иттилоотӣ ва равонӣ барои паст кардани рӯҳияи низомиёни Русия равона гардидааст, аммо муваффақ нахоҳад буд
ДУШАНБЕ, 3 апр — Sputnik. Нерӯҳои украинӣ барои гузарондани амалиёти ҳамла ба вилояти Запороже гурӯҳи кофӣ ҷамъ кардаанд, изҳор дошт раҳбари ҷунбиши "Мо бо Русия ҳастем", Владимир Рогов.
Вай дар суҳбат бо РИА "Новости" таъкид намудаст, ки ба ҳамлаи ҷониби Украина дар ҳар лаҳза омода мебошанд.
"Онҳо ба қадри кофӣ ҷангҷӯён ва аслиҳа ҷамъ кардаанд. Мо ҳар лаҳза интизори онҳо ҳастем. Истихбороти мо дар бораи интиқоли мошинҳои нави зиреҳпӯш, аз ҷумла мошинҳои ғарбӣ маълумот медиҳад", - таъкид намудаст Рогов.
Ӯ таъкид кардааст, ки Ғарб раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленскийро ба ҳамла тела медиҳад, то самаранокии истифодаи силоҳи ғарбиро нишон диҳад.
"Ғарб натиҷаҳои фаврӣ мехоҳад, ба амалиёти низомӣ бо шумораи зиёди кушташудагон ниёз дорад", - изҳори боварӣ намуд роҳбари ҷунбиши "Мо бо Русия ҳастем".
Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, дар расонаҳои Украина як силсила нашрияҳои фармоишӣ дар бораи вилояти Запороже пайдо шуданд, ки дар онҳо афкори умум барои ҳамлаи эҳтимолӣ омода мешавад.
"Аз нуқтаи назари PR самти Запорожеро таъкид мекунад, то дар он ҷо як навъ ифлоскориеро амалӣ созад. Ин як амалиёти иттилоотӣ ва равонӣ барои паст кардани рӯҳияи низомиёни мост. Аммо наметавонанд, ҷавоби сазовор хоҳанд гирифт", - гуфт Рогов.
Вилояти Запороже дар пайи як раъйпурсии моҳи сентябри соли 2022 субъекти Федератсияи Русия шуд, ки Киев натоиҷи онро эътироф намекунад ва оташкушоӣ сӯи ин қаламравро идома медиҳад.
Феълан беш аз 70%-и ҳудуди вилояти Запороже таҳти назорати Русия қарор дорад, дар ҳоле ки маркази вилоят, шаҳри Запороже таҳти назорати нерӯҳои Украина боқӣ мемонад.